Дербоз сари ҳамин савол меандешам. Зеро ҳар сол селу обхезиву ярчу тарма ба кишвар садҳо ҳазор зарари моддӣ мерасонад, одамон қурбон мешаванд, хонаву манзилҳои худро аз даст медиҳанд. Оё ҳаст ҳолате, ки ин гуна рӯйдодҳо пешгирӣ шаванд ва агар ҳаст, пас чӣ гуна амалӣ мешавад?
Соро Муҳаммадиева, сокини ноҳияи Спитамен
Оре, дуруст фармудед. Офатҳои табиӣ ҳар сол хисорати зиёд мерасонанд ва ҷони инсонҳоро дар хатар мегузоранд. Агар шумо таваҷҷуҳ карда бошед, зарфи як соли охир мо аз тариқи сомонаи худ истинодан ба маълумоти идораи обуҳавосанҷии кишвар ва дигар ниҳодҳои марбут ба ин огоҳиҳои зиёде аз хавфи тундбоду боронҳои шадид, сармои сахту гармои тоқатфарсо, хавфи лағзиши тармаву омадани сел, ярч ва дигар ҳолатҳои фавқулодда интишор дода будем. Ва куллан ин пешгӯиҳо амалӣ мешуданд. Ҳар касе ба пешбиниҳо таваҷҷуҳ кард, аз сафари роҳҳои куҳӣ худдорӣ намуд ва ҷони худу пайвандон ва амволашро аз хатар нигоҳ дошт. Аммо буданд ҳолатҳое, ки одамон диққат надоданд ва ё нодида гирифтанд ва рафтанду миёни тарма ё селу ярч монданд.
Аммо таваҷҷуҳи шуморо ба ҷанбаҳои қонунии пешгӯиву пешгирӣ ҷалб мекунем. Яъне ин ҳам низоме дорад, ки қонун муайян кардааст.
Пешгўӣ ва пешгирии ҲФ ин як низоми муайянест, ки аз унсурҳои умумӣ ва маҷмўъӣ иборат мебошад. Мутобиқи муқаррароти моддаи 17-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ», мониторинг ва пешгўии ҲФ аз тарафи хадамоти махсуси назорат ва санҷиши офатҳои табиӣ, садамаҳои техногенӣ ва фалокатҳо сурат мегирад.
Тартиби мониторинг ва пешгўии ҳолатҳои фавқулоддаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Дар доираи Низоми воҳиди давлатии пешгўӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, Кумита бо вазорат ва мақомоти идории давлатӣ, ки дар салоҳияти онҳо вазифаи мониторинг ва пешгўии рўйдодҳо ва равандҳои муайян шомил аст, ҳамкорӣ менамояд. Дар асоси маълумоти пешгўишудаи аз идораҳои дахлдор ворид шуда, бо мақсади таъмини омодагии саривақтии қувваҳо ва воситаҳои сохторҳои зеридории Системаи воҳиди давлатӣ, барқияҳои огоҳӣ таҳия ва ба ситодҳои минтақавии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ то сатҳи шаҳрҳо ва ноҳияҳо фиристода мешаванд.
Бо дарназардошти маълумот оид ба маҳалҳои аҳолинишин, ки ба онҳо хатари офатҳои табиӣ таҳдид мекунад, ҳар сол чорабиниҳои эҳтиётии пешгирикунада таҳия мешаванд ва ба асоси онҳо роҳбарони мудофиаи граждании ноҳияҳо ва шаҳрҳо нақшаҳои дахлдори солонаи корҳои пешгирикунандаи солонаро таҳия ва тасдиқ менамоянд.
Инчунин, бо ҳамин мақсад харитаҳои манотиқи хатарнок таҳия шудаанд ва мутобиқи онҳо, бо дарназардошти раванди таҳдидкунанда, идораҳои дахлдор чорабиниҳои пешгирикунандаро таҳия ва амалӣ менамоянд.
Бо мақсади ба нақша гирифтан ва таҳия намудани чорабиниҳои дахлдори муҳандисӣ ва техникӣ дар сатҳи ноҳияҳо, Кумита нақшаҳои равандҳои таҳдидкунандаро дар миқёси ҷумҳурӣ бо дарназардошти навъи раванди таҳдидкунандаи табиӣ таҳия менамояд.