Боронҳои тобистона. Оре, маъмулан борон табиати баҳор аст ва агар дар ин фасли зебои сол ҳар қадар борон ояд, касеро нигарон намекунад, чун хоси ҳамин фасли сол аст. Ва ба навъе мардум омодагӣ ҳам доранд, ки ҳаво бояд борад, омодагӣ доранд, ки агар борон шадид меояд, пас ба дунболаш сел дорад.
Раъду барқ ҳам аслан хоси баҳор аст. Манзараи дилрабои тирукамон ҳам, ҳолати офтоббороон ҳам.
Ва ин ҳама ба зебогиҳои баҳор латофату фатонати тоза зам мекнанд. Мо медонем, ки баҳор асту ҳаво бояд борон дошта бошад. Мо медонем, ки маҳз ҳамин борон табиатро дигаргун мекунад. Ва селаш ҳам табиист.
Аммо борони тобистон дигар аст. Ҳаво ногаҳонӣ меборад ва моро селу резиши санг ғофилгир мекунад, раъду барқ ҳам, зеро он новақт меояд. Хоси тобистон ҳавои гармаш аст ва боду борони шадид ва боз борони селосо ба мисли меҳмонест нохонда.
Зарфи чанд рӯзи ахир дар пасманзараи гармии тоқатфарсо дар баъзе манотиқи кишвар боронҳои шидид бориданд, ҳаво тӯфонӣ шуд, сел омад, дар баъзе мавридҳо сел харобиаовар буд, хонаҳои сокинонро бо лойоба пур кард, ба ҳадде, ки зиндагониро дар онҳо номумкин сохт.
Баъзе хонаҳо қисман зарар диданд, ҳатто роҳҳои масдуд гаштанд, сел пулҳоро канд, иртибот миёни рустоҳоро барҳам зад. Зиндагиро барои мардуми иддае аз деҳоти куҳистон ба мушкил рӯ ба рӯ сохт.
Вале хушбахтона, ин офатҳо талафоти ҷонӣ надоштанд. Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои кӯмаки байналмилалӣ дар бартараф сохтани оқибатҳои офот барномаҳои созандаро рӯйи даст гирифт. Ба зарардидагон кӯмакҳои молӣ кард, маводи сохтмон дод, қитъаи замин дур аз селроҳо ҷудо кард ва одамон тавонистанд дар муддати кутоҳ хонаҳои худро барқарор созанд ва ё бунёди кулбаҳои навро тарҳрезӣ кунанд. Ободонии муҷаддади вайронаҳои офатҳои табиӣ идома доранд. Ба сокинон ёриҳои ғизоӣ ҳам расиданд, либосу пӯшок низ.
Таҳлили оморҳои солҳои пеш гувоҳи онанд, ки манотиқи Тоҷикистон нисбат ба сел осебпазиранд. Чунончӣ, аз 90 ҳодисаи фавқулоддаи соли 2015 42 ҳодиса (46,6%)-ро селҳо ташкил медоданд. Соли 2016 дар кишвар 55 ҳодисаи фавқулодда сабт шудаст ва 34 ҳодиса ё худ 62% ба сел иртибот дошт. Дар ин сол тундбодҳои хатарзо 14,5 дарсади ҳолатҳои фавқулоддаро ташкил медоданд, раъду барқ 5,4 дарсад.
Соли 2016 бар асари ҳолатҳои фавқулодда дар кишвар 20 нафар ҷони худро аз даст доданд, ки 7 нафари онҳо дар натиҷаи сел ва як тан аз раъду барқ ба ҳалокат расиданд.
Зарфи ду соли ахир дар Тоҷикистон аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ 58 нафар ҳалок шуданд, ки 16 нафари онҳо (27,6 дарсад) дар натиҷаи сел ҷон бохтаанд. Аз боронҳои шадид ва раъду барқ 6 нафар ба ҳалокат расидаанд.
38 дарсади ҳалокати одамон бар асари ҳолатҳои фавқулодда дар солҳои 2013-2016 аз сел, 13 дарсад бар асари раъду барқ будааст. Гуфтанист, ки зарари расида ба хоҷагии халқи мамлакат аз ҳодисаҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ дар ин солҳо 625 миллиону 893 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Ҳоло рӯзҳои гармои шадид пешбинӣ шудаанд. Ин рӯзҳо хосиятҳои дигар доранд. Дар гармои беш аз ҳадди интизор барфҳо дар куҳҳо об мешаванд, пиряхҳо об мешаванд ва сатҳи оби рӯдхонаҳо боло меравад. Эҳтимоли омадани сели ногаҳон зиёд аст, дар роҳҳои куҳӣ санрезиш метавонад роҳҳои масдуд созад.
Дар гармо сафи касоне, ки худро ба соҳили дарёву кӯл ва обанбору ҳавзҳо мезананд, ба маротиб меафзояд. Оббозӣ дар маҳалҳои ғайримуҷоз хатари бештар дорад. Бахусус, барои бачаҳо ва касоне, ки аслан қоидаҳои оббозиро намедонанд, ин хатар бештар аст. Аз и рӯ тавсия мешавад, ки одамон бештар дар ин гармо худро эҳтиёт кунанд ва волидан фарзандонашонро беназорат нагузоранд.