Оббозӣ ҳам қоидаҳои худро дорад ва ҳар касе наметавонад, бояд аслан ҳаваси ворид шудан ба оби рӯдхонаву ҳавзҳои оббозиро надошта бошад.
Гармои шадиди тобистон зиндагиро дар шаҳрҳо ва рустоҳо ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад. Ҳарчанд дар ин минтақа гармо як ҳавои маъмулист ва одамон ҳамеша онро интизоранд, вале хабари болоравии ҳарорати ҳаво дар рӯзҳои 16-18-уми июн бисёриҳоро ба ташвиш овард. Бахусус ононеро, ки кори саҳро мекунанд, миёни ҷӯёяҳи пахта каланд мезананд, ниҳолҳоро ягона мекунанд, об мемонанд ва бехи ниҳолҳоро нарм месозанд.
Гаштугузор дар миёни раддаҳои пахтаи навруста дар ин гармӣ мушкил аст. Аммо чӣ ҳам мебояд кард. Пахта барои бисёриҳо дар ин вилоят нон аст ва аз заҳамоти имрӯзашон ҳосили фардо вобастагӣ дорад.
Ва на танҳо дар саҳро, ҳатто дар шаҳрҳо ҳам ин мушкил бо гармо вуҷуд дорад. Зеро аксаран дар чунин рӯзҳо оббозӣ мераванд, то лаҳзаҳоеро дар об ва соҳили ҳавояш нарму шамоли рӯдҳои хурӯшон сипарӣ кунанд. Ва аксари онҳое, ки лаби дарёву рӯдхонаҳо мераванд ва ё ба ҳавзҳои оббозӣ, майли ворид шудан ба об дорад. Ҳар сол дар тобистон теъдоди касоне, ки бо оббозӣ ҷони худро ба хатар меандозанд, меафзояд.
Аз ин рӯ гуруҳе аз афсарони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон рӯзи гузашта ба манзури ба мардум фаҳмонидани қоидаҳои бехатарӣ дар гармои шадид, савори мошинҳои таблиғотӣ аз кӯчаву хиёбон гузар карданд ва бо баландгӯякҳо мардумро аз пешомади ин гармиҳо ҳушдор доданд. Ҳамзамон қоидаҳои бехатрии оббозӣ дар кӯлу ҳавзҳо ва соҳили рӯдхонаҳоро фаҳмониданд.
Қарор аст дар оянда низ аз ин шеваи роҳандозии корҳои иттилоърасонӣ истифода шавад.