Оташсӯзӣ дар бурҷи маскунии Лондан: бештар аз 50 нафар бистарӣ шуданд

Теъдоди зарардидагон дар сӯхтори бинои баландошёнаи шаҳри Лондани Британияи Кабир аз 50 тан гузашт. Хабаргузории Рейтер соатҳои аввали субҳ аз бистарӣ шудани каме бештар аз 30 нафар дар панҷ беморхонаи шаҳр хабар дода буд.

Оташсӯзӣ дар сохтмони бистучортабақа “Бурҷи гардани фил”, ки нимаи дуюми шаби чоршанбе чоршанбе оғоз шуд, муҷиби ҳалокати одамон низ гардид.

Гуфта мешавад, ки дар ин сохтмон ҳудуди 600 нафар сукунат доштанд.

Маъмурони оташнишонӣ ҳудудан баъди 6 дақиқаи оғози оташсӯзӣ ба маҳалли ҳодиса расидаанд, вале оташ, ки забона мезаду торафт бузург мешуд, кори кормандони сӯхторнишониро низ ба мушкил рӯ ба рӯ кард.

Тибқи гузоришҳо ин сохтмон соли гузашта навсозӣ шуда буд, аммо сокинонаш то ба ҳол аз камбудиҳои зиёди бино, аз ҷумла набудани системаи огаҳиҳои зиддисӯхторӣ шикоят доштанд.

Сохтмон ба шаҳрдории минтақа мутааллиқ будааст. Вале онро ширкати хусусие идора мекардааст.

Оташсӯзӣ замоне шуруъ шуд, ки бисёре аз сокинон дар бистари хоб буданд.

Ҳоло ҳам ки оташ хомӯш шудааст, вале сокинон бими он доранд, ки бино тадриҷан фурӯ меравад ва боиси талафоти зиёди ҷонӣ мешавад. 

Сабаби оташсӯзӣ ҳоло дақиқан мушаххас нашудааст.

барчасп: