Ин ҳодиса 35 сол пеш, дақиқан 20-уми декабри соли 1987 рух дод ва дар таърихи фалокати киштиҳо аз мудҳиштарин ҳаводис қаламдод мешавад. “Киштии “Доня Пас” (киштии мусофирбарии мутааллиқ ба кишвари Филиппин) бо киштии сӯхтбари “Вектор” бархӯрд. Вектор 1050 метри мукааб бензин (8800 бушка) ва дигар маҳсулоти нафтиро интиқол медод.
Аз нақли Пакито Осабел, ки дар ин ҳодисаи мудҳиш зинда мондааст: “Ман ба тиреза наздик шудам, то бубинам, ки дар берун чӣ мегузарад. Ва дидам, ки атрофро дуди ғализу шӯълаи оташ фаро гирифта буд. Сӯхтор хеле башиддат доман паҳн мекард ва забонаи онро дар ҳама ҷо медидем”.
Ин ду киштӣ шабона ба ҳам бархӯрданд, замоне буд, ки мусофирони “Доня Пас” хобида буданд. Баъдан тафтишот нишон дод, ки сабаби ин ҳодиса бепарвоиву хунукназарии маллоҳони ду киштӣ буд. На “Доня Пас” ва на “Вектор” бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида нашуда буданд ва ҳатто “Вектор” иҷозатномаи хуруҷ аз бандар надошт ва боре, ки интиқол медод, ғайриқонунӣ буд.
Пеш аз бархӯрд аз дастаи маллоҳони “Доня Пас” танҳо як нафар дар сатҳи дидбонии киштӣ ҳузур дошт, дигарон ба айшу нӯш дода шуданд ва ё телевизор тамошо мекарданд.
Тибқи омори расмӣ дар ин киштии “Доня Пас” 1553 нафар савор буданд, ки 1493 нафари онҳо мусофирон ва 60 нафар аъзои экипаж буданд.
Ҳамагӣ 26 нафаррро зинда аз об берун оварданд, ки 24 нафари онҳо мусофирони “Доня Пас” буданд ва ду нафари дигар аз сӯхтбари “Вектор”. Ягон нафар аз маллоҳони “Доня Пас” зинда намонданд. Аксари зиндаҳо низ аъзои баданашон сӯхта буд. Ҷасади ҳазор нафарро аслан пайдо накарданд. Ҷараёни об ҷасади 300 нафарро зарфи чанд рӯзи оянда ба соҳил партоб кард ва бино ба гузориши расмии ҳукумати Филиппин ниме аз бадани ҳамаи онҳоро наҳангҳо хурда буданд.
Шубҳаи мақомот ба шумори мусофирон замоне зиёд шуд, ки зиндамондагон мегуфтанд, ин киштӣ метавонист аз 3 то 4 ҳазор нафарро интиқол диҳад, чун дида буданд, ки ҳатто роҳравҳо пур аз мусофирон буданду, баъзан ба қадамзанӣ мушкилӣ мекашиданд. Ва дар мурофиаи судӣ билохира шумори кушташудагон дар ду киштӣ 4386 нафар эълон шуд.
Намояндагони Sulpicio Lines, ки киштӣ моли он буд, ваъда доданд, ки ба ҳар оилаи ҳалокшуда 20 ҳазор песои филиппинӣ хоҳанд дод. Ин ҷубронпулӣ танҳо моҳи марти соли 2017 расид.