Ҳавои сард дар иёлати Флоридаи ИМА сабаб шуд, ки сусморҳои дарахтгард аз сардӣ билохира ба замин афтоданд. Ин гунаи хазандаҳои сардхун ҳамеша муҳтоҷи нуру гармии офтоб ва дигар манбаъҳои гармианд. Бидуни ин мубодилаи модда дар бадани онҳо сустҳаракат мешавад.
Ин хазандаҳо, ки бештар вақт худро дар пӯстлохи дарахтон пинҳон мекунанд, дар сурати сармои шадид беҳуш мешаванд ва аз шоху танаи дарахтон ба зер меафтанд.
Аммо донишмандон мегӯянд ин сардӣ ва ин ҳолат боиси марги сусморҳои дархатгард намешавад. Онҳо батадриҷ ба худ меоянд ва баъди дарёфти миқдори зарурии гармӣ барои организмашон худро наҷот медиҳанд.
Аз ин пештар хадамоти ҳавошиносии миллии ИМА (NWS) ба сокинони Флорида ҳушдор дода буд, ки худро аз сармозадагӣ ҳифз кунанд. Ҳамзамон онҳоро огоҳ карда буд, ки ҳангоми убур аз зери дарахтон пиёда ё бо мошин эҳтиёт кунанд, чун сусморҳои сармохӯрда метавонад ба сари онҳо фуруд оянд.