Дар анҷоми марҳилаи ниҳоии тамрини «Душанбе-Антитеррор-2017» ду тан аз кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда соҳиби мукофоти роҳбарони Маркази зиддитеррористии кишварҳои ИДМ шуданд.
Имрӯз, 31 – уми май дуввумин марҳилаи тамринҳои зиддитеррористии муштараки «Душанбе-Антитеррор-2017» оғоз шуд, ки тарҳи роҳандозии амалиёти зиддитеррористӣ барои озод кардани гаравгонон ва безараргардонии террористони шартиро дар қаламрави маркази телевизионии кишвар тамрин мекунад.
Дар ҷараёни ин омӯзиш дар қатори хадамоти махсус ҳамчунин воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бемористони ҳарбии Кумита низ ширкат карданд.
Дар доираи омӯзиш намоиши техникаи вазнини наҷот, таҷҳизоти кӯмакрасон ба намоиш гузошта шуда, як бемористони саҳроии КҲФ низ густарда шуд, ки аз он ҳайати роҳбарикунанда ва ширкаткунандагони омӯзиш дидан карданд.
Дар охири чорабинӣ ду нафар кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои нишондодҳои хуб ва ширкати фаъолона аз ҷониби роҳбарони Маркази зиддитеррористии кишварҳои ИДМ соҳиби ҷоиза шуданд.
Навори видео аз "Азия-плюс"