Ҳайати ҳакамони озмуни беҳтарин расм дар мавзуъи ҳолатҳои фавқулодда аз миёни 1800 расми пешниҳодшуда 70 расмро шоистаи ҷоиза донистанд.
25 – уми майи соли равон дар Боғи ботаникии Академияи илмҳои Тоҷикистон (Боғи “Ирам”) маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни расми кӯдакона дар мавзуъи “Олам бе ҳолатҳои фавқулодда ва рӯйдодҳо” баргузор шуд.
Ташкилкунандагони чорабинӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон , Созмони байналмилалии «Добрососедство» ва телевизиони “Баҳористон” буданд. Ин озмун аввали моҳи апрел эълон шуда буд ва ширкаткунандагони он атфоли аз 5 то 16 сола аз сар то сари кишвар шуданд.
Ҳайати ҳакамон наздик ба 1800 расмро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз миёни ин 1800 расм 70 расми беҳтарин ҷудо ва созовори ҷоизаҳои хотиравӣ шуданд.
Дар ин чорабинӣ мураббиёни Академияи ҳифзи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия низ ширкат карданд.
Полковник Хуршед Гадоев- сардори Раёсати оперативии КҲФ зимни суханронии худ дар назди ҷамъомадагон иброз дошт: “Ҳадафи ин гуна чорабиниҳо баланд бардоштани сатҳи фарҳанги амният дар атфол, ҳамчунин ҷалби таваҷҷуҳи калонсолон ба масъалаҳои бехатарии кӯдакон ва боло бурдани таваҷҷуҳи омма ба омӯзиши қоидаҳои бехатрӣ дар ҳолатҳои фавқулодда мебошад”.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ як барномаи хуби театрӣ ҳам намоиш дода шуд.