Дар омӯзиши шеваҳои муқовимат бо офатҳои табиӣ дар чор ноҳияи кишвар бештар аз 1000 нафар ширкат карданд. Дарсҳои амалӣ аз ҷониби кормандони Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ бо ширкат ва ҳамоҳангии мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳияҳо ва хадамоти дахлдори роҳандозӣ шуданд.
Бо мақсади татбиқи Протоколи ҷаласаи Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми феврали соли 2017 оид ба ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд аз офатҳои табиие чун сел, обхезӣ, ярч, заминларза, ҳамчунин интиқоли аҳолӣ аз минтақаҳои хатарнок ба манотиқи амн дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия шуда буд.
Барои амалӣ намудани вазифаҳои дар пешгузошташуда гуруҳи корӣ созмон дода шудааст, ки он омӯзишҳои калонмиқёсро оид ба ҳимояи ҳудуд ва аҳолӣ дар ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Варзоб ва Турсунзода роҳандозӣ намуд.
Омӯзиш дар мавзуъи “Боронҳои селосо ва ярч” баргузор шуд ва дар он аҳолии навоҳии номбурдашуда ширкат карданд. Якҷо бо ҳокимияти иҷроияи ноҳияҳо, намояндагони хадамоти роҳ, зиддисӯхтор ва тиб, ҳамчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳамагӣ шомили Системаи ягонаи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда мебошанд, ба аҳолӣ қоидаҳои амал ҳангоми омадани сел, ярч ва заминҷунбиро фаҳмониданд.
Гуруҳи кории КҲФ ҳамчунин ҳамроҳ бо аҳолии ноҳияҳо бо истифода аз усули ҳашар корҳои соҳилбандӣ гузаронд, соҳилҳоро тоза карданд, дар ҷоҳои селомад корҳои тармиму таъмири ҷӯйборҳо ва селроҳаҳоро ба роҳ монданд.
Ҳамчунин ду пуле, ки деҳаҳоро ба ҳам мепайвастанд, таъмир карда шуданд. Ба аҳолӣ варақаҳои таблиғотӣ ва иттилоотӣ тақсим карданд.
Дарсҳои амалии омӯзишӣ миёни аҳолӣ идома дорад.