Дар мулоқоти минтақавии шаҳри Бишкек масъалаҳои хатар ва осебпазирӣ дар кори хадамоти вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт, ки дар он намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат карданд
Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти минтақавӣ оид ба хатар ва осебпазирӣ дар кори хадамоти вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда баргузор шуд, ки дар кори он ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии ҷонишини Раиси Кумита, полковник М.Салимзода ширкат дорад.
Мулоқот аз ҷониби Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон ва Хазинаи Оқохон созмон ёфтааст.
Ширкаткунандагон масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳо дар минтақаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд.
Дар кори ин конфронс ҳамчунин сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон, Маркази ҳолатҳои фавқулодда ва коҳиши хатари офатҳои шаҳри Олмаато ва кормандони Хазинаи Оқохон иштирок доранд.