8 – уми майи соли 2017 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми апрели соли 2017 маросими имзои Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи умумиҷаҳонии ғизои СММ дар бораи ҳамкориҳо дар самти омодагӣ, бартарафсозӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ҳамчунин мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим баргузор шуд.
Ҳуҷҷатро Раиси Кумита Рустам Назарзода ва Директори Барномаи умумиҷаҳонии ғизои СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Паоло Маттей имзо карданд.
Санади мазкур имкон хоҳад дод ҳамкориҳо дар самти таъмини омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва вокуниш, коҳиши хатари офатҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барқарор ва густариш ёбанд.
Мутобиқ ба ин Ёддошти тафоҳум ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷониба, кор бар рӯйи эҷоди механизмҳои навоварона, система ва равишҳо бо мақсади коҳиши хатар ва идораи офатҳои табиӣ ва гуруснагиро тақвият мебахшанд.