Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон, ҷаноби Муҳаммадғулом Залмай Юнусӣ аз оғози ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ изҳори қадрдонӣ кард.
Имрӯз Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон, ҷаноби Муҳаммадғулом Залмай Юнусӣ мулоқот кард.
Ҳадафи ин дидор баррасии масъалаҳои вобаста ба оғози ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда миёни ду кишвар буд.
Ҷаноби Сафир бо изҳори миннатдорӣ аз мулоқот ба муҳим будани ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар ин самт таъкид кард.
Вай аз ҷумла гуфт: “Офатҳои табиӣ марз надоранд. Мо миннатдорем аз бародарони тоҷики худ барои оғози ин гуна як ҳамкории судманд, зеро иқлими Афғонистон ва Тоҷикистон шабеҳи ҳамдигаранд”.
Сафири Афғонистон ҳамчунин ба таҳкими равобит миёни ду кишвар дар масъалаҳои пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда изҳори умеду боварӣ намуд.
Дар мулоқот роҷеъ ба масоили судманд барои ду ҷониб изҳори назар ва табодули афкор сурат гирифт.