Собиқадорони муҳтарам!
Роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шуморо ба муносибати фаро расидани Рӯзи Ғалаба самимона муборакбод мекунад!
Шумо дар хунинтарин ҷанг дар таърихи башар пирӯз шудед. Хотира ва корномаҳои миллионҳо нафар ҷанговарони ҷабаҳоти ҷанг ва заҳматкашони ақибгоҳ оғози муттаҳидкунандаи миллатҳои гуногун ва пайравони эътиқоду динҳои мухталиф буд.
Насли баъдиҷангӣ бо нақлу ҳикоёти Шумо дар бораи қаҳрамониву ҷоннисориҳоятон, дар бораи саҳнаҳои мудҳиши ҷанг, мардонагӣ ва ҷасорати миллионҳо одамон баҳри дифоъ аз фашизм ва садоқату матонати Шумо ба воя расид.
Дар Рӯзи Ғалаба ба ҳамаи собиқадорони азиз саломатӣ, хушбахтӣ ва беҳтарин хушиҳои рӯзгорро таманно дорем!
Бигзор ҳамеша аз муҳаббат ва ғамхории атрофиёнатон баҳраманд бошед.
Бигзор фарзандон, наберагон ва аберагонатон беш аз ҳар вақти дигар дар бораи Шумо суханҳои саршор аз муҳаббату самимият бигӯянд.
Хушбахт ва дар амон бошед!
Умри дарозу саломатӣ ва хушҳоливу некрӯзӣ насибатон бод!