ДОНИСТАНИҲО ДАР БОРАИ ТӮФОН. Бахши дуюм. Се тӯфони харобкори таърихи муосир

Тӯфони Катрин (анг. Hurricane Katrin) – яке аз бузургтарин фоҷеаҳо ва фалокатҳои табиӣ дар ИМА будааст. Ин тӯфон, ки дар соли 2005 рух дод, бахше аз каронаҳои амрикоии халиҷи Мексик аз Орлеани нав дар иёлоти Луизана то иёлоти Алабамаро фаро гирифт ва ба вайронӣ кашид.

29 августи соли 2005 ин тӯфон аз баҳр ба хушкӣ расид ва боиси марги 1836 тан ва оворагии як миллион нафар шуд. Чунин фоҷеаи инсонӣ аз замони ҷанги дохилии Амрико дида нашудааст.  Суръати ин тӯфон 280 км гузориш шудааст. (Донишномаи озоди форсӣ).Тӯфон 125 миллиард доллар хисорат овард.

ТӮФОНИ ГУСТАВ. Ҳафтумин тӯфони тропикӣ дар уқёнуси Атлас дар соли 2008 буд.

Он 25 август аз 420 километраи ҷанубу шарқи пойтахти Ҳоитӣ Порт-о-Пренсшакл оғоз шуд, то бегоҳ нерумандтар шуд ва субҳи рӯзи 26 август ба як тӯфони азими харобкор табдил гашт. 59 нафар қурбон шуданд ва ин тӯфон чун тӯфони дараҷаи чори хатар арзёбӣ гашт.

 

ТӮФОНИ ЛАУРА – қудратмандтарин тӯфони дар қораи Атлантика дар мавсми соли 2020 буд.

Онро бо тӯфони «Last Islands», ки соли 1856 рух дода буд, монанд мекунанд. Танҳо дар Куба баъди эълони огоҳӣ 260 000 нафар ба ҷойи амн интиқол дода шуданд. Боронҳои шадид Флоридаи Ҷанубиро фаро гирифтанд. 25 август Лора ба халиҷи Мексика ворид шуд ва ба як тӯфони хатари рақами 1 табдил шуд. Рӯзи дигар бар асари ҳавои мусоид ва дамои гарми баҳр тӯфон қувват гирифт ва ба сатҳи дараҷаи хатари рақами 4 расид. Соати 6:00 субҳ ин тӯфон ба иёлоти Луизиана расид. Дар ин тӯфон 77 нафар ҳалок шуданд: 31 нафар дар Ҳоитӣ, 4 нафар дар Ҷумҳурии Доминикан ва 42 нафар дар ИМА.

 

ВА БОЗ ДАР ИН БОРА:

барчасп: