Тӯфон, бӯрон шамоли хеле бошиддатест, ки бо сабабҳои гуногун дар қитъаҳои гуногуни Замин ба вуқӯъ меояд. Суръати шамол дар ин ҳолат аз 15-20 метр дар 1 сония то 21-25 м/с ё 75-88 км/соат мерасад. Тӯфон барфӣ, регӣ ва обӣ мешавад. Одатан бӯрон ба хоҷагии деҳот, роҳҳои алоқа ва дигар соҳаҳои иқтисод зарар меорад.
ШАРҲИ ЛУҒАВӢ
Деҳхудо: Тӯфон – инқилоби сахти ҳаво, борони сахт, борон, ки ҳама ҷо расад, оби бисёр, ки ҳамаро бипӯшад, об, ки ҳама чиро фаро гирад, об, ки аз замин барояд ва ҳамаро ғарқ кунад. Селе, ки ғарқ кунад (Мунтахаб-ул-луғот). Сел ё об, ки аз замин барояд ва ҳамаро ғарқ кунад. Ҳар чизи бисёр, ки иҳота кунад тамоми ҷамоатро. Ҳар чизе, ки бисёр ва ғолиб бошад ва ҳамаро фаро гирад, чун тӯфони боду тӯфони оташ ва ғайри он (Онандроҷ). Шиддати боди тунд (Ғиёс). Тӯфони дарё, ошӯби он. Борони фаровон ва шадид, боди сахт, ҳар чизи шадид ва бисёр. (Фарҳанги Мӯъин). Ҷараёни шадиди ҳаво, боди сахту тунд. Ҳар навъ иттифоқи нохушоянд. Ҳамҳама. Оби фаровон ё сели шадид, ки ногаҳон масоҳати зиёде аз заминро фаро гирад ва ғарқ кунад (Амид).
Тӯфон: Ин калима ба маънои селе аст, ки заминро дар худ ғарқ кунад (Фарҳанги вожагони Қуръон).
Тӯфон – бӯрон, туғён, обхез, талотум, гирдбод (Фарҳанги забони тоҷикӣ)
2. Марги шитобу сареъ, мурдан. Марги сахт.
Ҳаҷҷи мо одинаву мо ғарқи тӯфони карам,
Худ ба аҳди Нӯҳ ҳам одина тӯфон дидаанд.
Ҳоқонӣ
Рӯзу шаб бар хушк киштӣ рондаам,
Гачи доим ғарқи тӯфон мезиям.
Аттор
Ҳар кӣ бо Нӯҳ нишинад, чӣ ғам аз тӯфон аст.
Саъдӣ
Ғарқа дар баҳр чӣ андеша кунад тӯфонро.
Саъдӣ
Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ чун баробарие ба истилоҳи “ШТОРМ” баргузида ва онро чунин шарҳ додааст: ҳолати ошуфтагие, ки дар сатҳи замин таъсир гузорад ва нишондиҳандаи ҳавои номусоид ва эҳтимолан мухарриб (вайронкунанда, харобкунанда) бошад.
Дар хонаи мӯр шабнаме тӯфон аст.Зарбулмасал.
ТӮФОНИ НӮҲ ДАР РИВОЯТҲО, КИТОБҲОИ МУҚАДДАС ВА УСТУРАҲОИ ҶАҲОНӢ
Тӯфони бузург тӯфоне аст, ки аз сӯи Худованд барои нобудии тамаддун фиристода шуд. Достони тӯфон дар Таврот ва Қуръон ба Нӯҳ нисбат дода шудааст. Ба ҳамин далел яҳудиён, масеҳиён ва мусалмонон аз он ба номи Тӯфони Нӯҳ ёд мекунанд. Ин достон як достони роиҷ дар байни миллатҳо бо нажоди сомӣ (арабҳо, ибриҳо ва ошуриён) аст. Назири ин достон дар Авесто, китобҳои ҳинду, мутуни қадими юнонӣ ва ҳамосаҳои Гилгамеш (қаҳрамони ҳамосаи шумериву аккадӣ ва яке аз шоҳони сулолаи аввали Урук (охири асри 27 — аввали асри 26 то м.), писари Лугулбанд, фармонравои Урук дар Бобил)-и ошуриён омадааст.
Қадимитарин навиштае, ки то кунун дар бораи достони тӯфон ба даст омада сангнавиштаҳое аст, ки аз шумериён ва бобилиёни бостон ёфт шудаанд. Ин сангнавиштаҳо дар се ҳазор сол пеш аз мелоди Масеҳ навишта шудаанд ва ба ҳамин далел шумериён ва бобилиён пештар аз дигар миллатҳо достони тӯфонро нигоштаанд. Рӯйдодҳои достони Тӯфони шумериён ва бобилиён то ҳадде ба навиштаҳои Таврот наздик аст. Дар ин достонҳо созандаи киштиро қаҳрамон хондаанд.
Рӯйдодҳои достони тӯфони шумерӣ ва бобилӣ бо рӯйдодҳои достони тӯфони навишташуда дар Таврот то ҳадде ҳамоҳанг аст, зеро дар достони шумерӣ ва бобилӣ омадааст, ки созандаи киштӣ худ қаҳрамони тӯфон аст. Дар ҳарду санад омадааст, ки худоён шахсеро аз рӯй додани тӯфон огоҳ карданд ва ӯ бо афроди хонаводааш дар як киштӣ нишаста ва аз ҷонварон аз ҳар кадом ҷуфте дар он ниҳода ва ва аз тӯфон раҳоӣ ёфтанд. Ҳамчунин дар ин ду ривоят муддати тӯфон ҳафт рӯз дониста шудааст.
Чигунагии достони тӯфон дар асноди бобилӣ, ки ҷадидтар аз асноди шумерӣ мебошад, бо достони тӯфони шумерӣ дар номи Худое, ки ба қаҳрамони тӯфон дастури раҳоӣ додааст, андаке ихтилоф дорад. Хулосаи ин достонҳо ин аст, ки ҳафт шабу ҳафт рӯз аз осмон борон меборад ва аз дарё ва чашмаҳо об меҷӯшад ва рӯйи заминро об фаро мегирад ва ҳамаи инсонҳо ва ҷонварон ба ҷуз онҳое, ки дар киштӣ буданд, нобуд мегарданд. Пас аз ҳафт шабонарӯз тӯфон хомӯш мешавад ва ва обҳо дар замин фурӯ мераванд...
Достони тӯфон дар чанд сураи Қуръони Маҷид дида мешавад. Достони Нӯҳ дар Қуръон монанд ба достони Нӯҳ дар Таврот аст ва дар айни ҳол ихтилофоте низ вуҷуд дорад. Дар Таврот достон бисёр муфассал ва якҷо омадааст, дар Қуръон бошад он пароканда, батакрор ва бисёр мухтасар аст. Дар Таврот достон ба шеваи устура баён шудааст, аммо дар Қуръон пас аз баёни ривоят навъе панду ибрат низ дар он баён гаштааст. Дар ривоятҳои исломӣ, дар тафсирҳои Қуръон, китобҳои таърихӣ, қиссаҳои пайғамбарон, ба мисли Таърихи Табарӣ ин достон бисёр муфассал омадааст, ҳатто баъзан муфассирон онро назар ба Таврот ҳам муфассалтар баён кардаанд.
Дар Қуръон омадааст, ки мушрикон Нӯҳи набиро озор медоданд ва пайғамбар ба Худованд арз кард. Ходованд дастур дод, ки киштие созад. Нӯҳ киштӣ месохт, аммо қавмаш ӯро ҳамоно масхара мекарданд. Дар Қуръон ҳамчунин ишора ба фарзанди носолеҳи Нӯҳ рафтааст, ки ба киштӣ нанишаст ва бо дигарон ҳалок шуд. Имом Ҷаъфари Содиқ дар шарҳи тӯфон навишта буд, ки Нӯҳ (а) ба киштӣ 8 ҷуфт ҳайвонро боло кард, ки онҳо чаҳор нажодӣ аҳлӣ, яъне ҳайвоноти хонагӣ буданд буд: гов, шутур, гӯсфанд, буз. Агар чунин аст, пас метавон тӯфони Нӯҳро тӯфони минтақаӣ донист ҳамчунин калимаи “арз” дар Қуръон метавонад ба маънии сарзамин таъбир шавад. Агар ин ақида дуруст бошад, пас мумкин аст тӯфони Нӯҳ 2900 сол пеш милод ба вуҷуд омадааст. Муаррихон боз муайян кардаанд, ки маҳз 2900 сол пеш аз милоди Масеҳ тӯфон ва селе дар Ироқ рух дода, ки боиси тахриби шаҳрҳо шуда.
Дар устураҳои юнонӣ тӯфон чунин аст, ки Зевс – худои бузурги қавми Ҳелен ва сарвари худоёни ин гурӯҳ аз аъмоли инсон хашмгин шуд ва аз офариниши инсон пушаймон. Хост онҳоро нобуд созад ва ба осмон фармон дод борон борад, чашмаҳо ва дарёву баҳрҳо пур аз об шаванд ва ин насл бо ҳамин бимирад. Вале пеш аз тӯфон Промитей аз нияти Зевс огоҳ шуд ва фавран ба Декалион ва ҳамсараш Пира дастур дод, ки барои пешгирӣ аз нобудшавии инсон киштие созанд ва ҳангоми тӯфон савори он шаванд ва худ ва насли инсонро аз нобудӣ нигоҳ доранд.
Дар асотири қадими форсӣ ва бахусус дар Авасто аз ин тӯфон ёд шудааст. Чунончӣ, дар китоби Вандидоди Авасто омадааст, ки миёни Аҳрумаздо ва Аҳриман ҷанг мерафт. Аҳрумаздо барои нобуд кардани Аҳриман хост дар замин тӯфони сахте фиристад, вале вай намехост инсон нобуд шавад, балки мехост аз ин тӯфон инсон ҷон ба саломат барад. Аз ин рӯ, вай ба Ҷамшед огоҳӣ дод ва гуфт, ки дар ин ҷаҳони хокӣ сармои сахте хоҳад шуд, сармое, ки аз он нобуд гарданд. Дар он барфи бисёре хоҳад борид... сипас барф об шуда, ин ҷаҳони хокӣ зери об мемонад. Аҳрумаздо ба Ҷамешед дастур дод, ки ғоре бисозад, ки бисёр дароз ва паҳнои он ба мисли як майдон бошад. Ҷонварони беша, ҳайвоноту одамону мурғонро он ҷо бибар...Хулоса ба Ҷамшед Аҳрумаздо ҳама шартҳои зинда мондани одамон ва насли ҷонварону рустаниву дарахтонро мефаҳмонад. Худованд Ҷамшедро ба он ғор ворид кардани ин одамонро иҷозат намедиҳад: кужсина, кужпушт, ситамгар, дарвеш, фиребдиҳанда, бахил, баддин...Хулоса Ҷамшед ин дастурро иҷро кард, Вандидод як рӯи он ғорро як сол донистааст.
Баъзе зардуштиён ба ин боваранд, ки ғори Ҷамшед ва он чи, ки дар он аз инсон ва ҳайвонот бурда шуда, имрӯз низ маҳфуз монда ва то поёни ҷаҳон маҳфуз хоҳад монд. Ин ақидаи зардуштиён бештар ба қиссаи Асҳоби каҳф, ки дар Қуръон омадааст, шабеҳ мебошад.
Ҳамин гуна қиссаву ривоятҳо ва достонҳо дар адабиёти чиниҳову ҳиндуҳо, Индонезия, кишварҳои аврупоиву амрикоӣ низ вуҷуд доранд, ки баъзе ишора ба тӯфони ҷаҳонӣ доранд ва баъзе мегӯянд он тӯфон минтақаӣ буд.
Ва аммо назари илм. То ба имрӯз Тӯфони умумиҷаҳонӣ илман исбот нашудааст. Таҳқиқотҳои зиёде дар ин замина роҳандозӣ шудаанд, фарзияҳои бисёре баён шудаанд. Ҳатто замоне Ломаносов ҳам баъди таҳқиқоти зиёд ба хулосае омада буд, ки тӯфони ҷаҳонӣ ба ин шакле, ки дар ривоятҳо омадааст, буда наметавонад. Аз сӯи дигар олимон то ба ҳол сари ин нукта баҳс мекунанд, ки дар ягон ривоят маҳз дар кадом нуқтаи олам будани ин тӯфон дақиқ наомада ва маълум ҳам нест, ки он минтақаӣ буд ё ҷаҳонӣ.