Як навъ оташсӯзии идоранашаванда аст, ки дар минтақае бо гиёҳони хушкшудаи ин ё он деҳа ва ё табиати ваҳшӣ рух медиҳад. Ин оташсӯзӣ назар бар ҳар сӯхтори дигар зуд забона мезанад ва паҳн мешавад ва хеле ба зудӣ як масоҳати басо азимро фаро мегирад. Бахусус агар он дар табиати ваҳшӣ рух диҳад, харобиовартару мудҳиштар мешавад.
Оташсӯзии ҷангал як падидаи басо маъмулӣ дар Австралия мебошад, зеро иқлими ин минтақа ба таври куллӣ иқлими доғ ва хушк аст.
Чаҳор иллати табиии аслии оташсӯзии ҷангал маълум аст: барқ (ё озарахш, соиқа, аловак), фаввораи оташфишонӣ, ҷаҳиши оташ ҳангоми фурӯ афтодани сахраҳо (харсангҳо, кӯҳпора) ва худ ба худ оташ гирифтан. Шӯълаҳои оташсӯзӣ дар зуғолсанг (ангиштсанг) дар саросари ҷаҳон монанди Сентрейлия (Пансилвания) ва Кӯҳи сӯзон (анг. Burning Mountain – номи кӯҳ дар наздикии маҳалли аҳолинишини Винген, Уэлси Нави Ҷанубӣ, Австралия, 200 км шимоли Сидней) метавонад маводи афрӯзанда дар наздикии худро ба оташ бикашад. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин аксари сӯхторҳои ҷангал омили инсонӣ доранд, дасти инсон дида мешавад, ба мисли оташ задани чизе дар наздикии ҷангал, ки боиси густариши доманаи он мешавад.
- СӮХТОРҲОИ БУЗУРГИ ОЛАМ. АЗ ТАХТИ ҶАМШЕД ТО ОТАШСӮЗИИ ЛОНДАН СОЛИ 1666
- СӮХТОРҲОИ БУЗУРГИ ОЛАМ. ИДОМА. СӮХТОР ДАР БОСТОН, СОЛИ 1872
Дуди оташ дарбаргирандаи зарраҳои муҳиме аст, ки метавонад ба роҳҳои нафаси инсон таъсири манфӣ расонад. Аз сӯи дигар, дуди тираву бӯи ғализ метавонад як хатари беҳдоштӣ бошад. Дуди оташ аз таркиби маводи сӯхта, аз ҷумла: диоксиди карбон, монооксиди карбон, бухороб, зарраҳои муаллақ (газҳои муаллақ), ҳар гуна маводҳои кимиёвӣ, оксиди азот ва таркибҳои дигар аст. Ин ҳама метавонанд барои саломатии инсон ва ҳайвон зараровар бошанд.
Ва табиист, ки дурудароз сӯхтани бешаҳо боиси тағйири муҳити зист барои инсон ва олами ҳайвонот мешавад.
Моҳи августи соли 1997 шадидтарин оташсӯзиҳои ҷангал дар Индонезия, аз ҷумла дар ҷазираҳои Сумотро (шашумин ҷазираи бузурги ҷаҳон ва калонтарин ҷазирае мебошад, ки тамоми хоки он дар қаламрави Индонезия воқеъ аст) ва Борнео (саввумин ҷазираи бузурги ҷаҳон) рух доданд. Сабаби он рушди кишоварзӣ дар заминҳои тозашуда аз дарахтони бешазор мебошад Маъмулан барои фароҳам овардани шароити кишт ва тайёр кардани замин ҷангалҳо сӯзонида мешаванд. Оташ қаламрави беш аз 2 миллион гектарро то охири моҳи сентябр фаро гирифт ва поёни ин моҳ ин ҳодиса чун офати миллӣ эълон гардид. Тумани пурғубору торик аз ин оташсӯзӣ Индонезия, Малайзия, Бруней, Сингапур, қисман Талиланд, Филиппин ва Ветнамро пӯшонд. Дар минтақаи офат беш аз 70 миллион нафар зиндагӣ мекарданд. Аз дуду ҳавои ғализу сӯхта наздик ба 240 сокини Индонезия фавтиданд ва даҳҳо ҳазор нафар аз ин дуди ғализу бадбӯй ҷабр диданд. Садамаҳо дар нақлиёти ҳавоӣ, баҳрӣ ва дарёиву заминӣ бар асари торикии ҳаво сабабгори марги беш аз 300 нафар шуданд. Ба сӯхтор гармои шадид, хушкиву бенамии ҳаво таъсир расонд.
Моҳи июни соли 2007 дар ноҳияҳои гуногуни Юнон бар асари гармои шадид, ки ба ҳадди 40 дараҷа болои сифр расида буд, сӯхтори азим 270 ҳазор гектар ҷангалро нобуд кард. Вазъи басо пурхатар рӯзҳои 23-27 август рух дод, ки сӯхтор аз назорат пурра хориҷ шуд ва оташ метавонист кулли бешаҳои ноҳияи Олимпро ба хокистар табдил диҳад. Дар ин офат 84 нафар ҷони худро аз даст доданд. Барои хомӯш кардани забонаи оташ ҳавопаймоҳои аксар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ширкат карданд. Русия ҳам дар канор намонд ва ба минтақаи офат ҳавопаймои Бе-200 ва 13 чархболи сӯхторхомӯшкуниро эъзом кард.
Моҳи феврали соли 2009 дар ииёлоти австралиёии Виктория як силсила оташсӯзиҳо рух доданд, ки дар таърихи ин кишвар қаблан собиқа надоштааст. 450 ҳазор гектар ҷангалзор нобуд шудаву 173 сокини ин вилоят ҷон бохтаанд. Сабаби ин хушксолӣ ва гармои басо шадиде буд, ки он сол ба 45 дараҷа болои сифр расида буд. Аммо қисмате аз ин силсиласӯхторҳо бар асари садама дар хати интиқоли қувваи барқ ва оташ гирифтани симчӯбу дигар ашёи ба он наздик рух дода буданд. 7 феврали соли 2009 оташ шаҳри Морисвиллро пурра хароб кард. Дар ин шаҳр аз сӯхтор 45 нафар ҷон бохтанд. Ин оташсӯзӣ замоне (рӯзҳои 4-6 март) хомӯш шуд, ки борон борид ва ҳаво сард шуд.
2 декабри соли 2010 дар наздикии кӯҳҳои Кермел (риштакӯҳҳо воқеъ дар шимоли Исроил) – и Исроил ҳавои хушк сабабгори як оташсӯзии азими ҷангал шуд, ки 250 250 котеҷ (хонаҳои дуошёна)-ро аз миён бурд, 5 ҳазор гектар дар минтақаи мамнуъгоҳи нишеби кӯҳҳо наздик ба 5 миллион дарахтонро сӯхт. Дар ин оташсӯзӣ 44 нафар ҳалок шуданд, ки 39 нафари онҳо курсантони раёсати зиндонҳои Исроил буданд. Онҳо савори автобус ба макони будубоши худ ҳаракат мекарданд, вале дар ҳалқаи дуду оташ мондаву ҷон доданд. Барои хомӯш кардани забонаи оташ беш аз 40 ҳавопаймо аз чандин кишвари олам ҷалб шуд, аз ҷумла ду ҳавопаймои Бе-200 ва чархболи зиддисӯхтори Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия низ ширкат доштанд. Оташ 6 декабр хомӯш карда шуд.
Моҳи июли соли 2010 дар қисмати яҳудии Русия бар асари як антисиклон (вочарха, вочарханд-қитъаи хатҳои гирди изобарӣ, ки дар марказашон фишори баланд аст) -и камҳаракат гармои ғайримуқаррарӣ ҳоким шуд, ки 130 соли охир собиқа надошт. Амалан дар кулли минтақаҳои Русия дамои ҳаво ба 40 дараҷа болои сифр наздик шуд, дар минтақаҳои ҷудогона ин ҳарорат боз ҳам болотар аз 40 дараҷа буд. Сӯхторҳои ҷангаливу торфӣ шурӯъ шуданд, дар ин муддат 34 ҳазор шӯлаи оташ ба қайд гирифта шуд, 800 манбаъи сӯхтор 2 миллион гектарро фаро мегирифт, ки 1 ҳазори он сӯхтори торфӣ буд. ВҲФ Русия хабар дода буд, ки 17 минтақаи кишвар аз ин оташсӯзӣ зарар диданд, беш аз 60 нафар ҳалок шуданд, аз маводи ғизоии заҳролудшуда беш аз 2 ҳазор нафар зарар диданд, зиёд аз 500 хонавода бесарпаноҳ монданд. Зарари расида 85 миллиарду 500 миллион рубл эълон шуд.
17 июни соли 2017 дар ноҳияи Педроган-Гранди воқеъ дар шимолу шарқи Лиссабон сӯхтори азими ҷангал 66 нафарро ҳалок ва беш аз 200 нафарро захмӣ кард. Қисмати бештари фавтидагон ронандагоне буданд, ки талош доштанд ба ҷойи амн раванд, вале ҳангоми ҳаракат дар ҳалқаи дуду оташ монданд.
8-28 октябри соли 2017 сӯхтори ҷангал дар як қатор ноҳияҳои иёлоти Калифорнияи ИМА - ноҳияи Кофи-Парк, шаҳри Санта-Роза ва чанд шаҳраки аҳолинишини хурди дигарро ба нобудӣ расонд. Дар минтақаҳои Напа ва Сонома 44 нафар ҳалок шуданд, наздик ба 100 ҳазор нафар ба ҷойи амнтар интиқол ёфтанд. Оташ 8,9 ҳазор биноро куллан ё қисман ба коми худ кашид. Беш аз 99 ҳазор гектар замин майдони ҷавлони ин оташсӯзӣ буд. Зарари расида 9,4 миллиард доллар эълон шуд. Силсилаи сӯхторҳо дар моҳи октябри соли 2017 аз соли 1933 ба инҷониб калонтарину серталафот буд. Танҳо дар наздикиҳои Лос-Анжелес 29 нафар ҳалок шуданд.
13-18 октябри сол 2017 дар шимоли Португалия ва қисмати шимолу ғарбии Испания 49 нафар дар сӯхторҳои ҷангалӣ фавтиданд (45 нафар дар Португалия ва 4 нафар дар вилоятҳои мухтори Галисия ва Астурияи Испания) ва 91 нафар ҷароҳат бардоштанд. Сабаби он оташзании барқасдона унвон шуд. Вазири корҳои дохилии Португалия Констанса Урбану де Соуза ба истеъфо рафт. Ҳукумат баро рафъи паёмадҳои офат ба ноҳияҳои зарардида 400 миллион евро ҷудо кард.
24 июли соли 2018 бино ба гузориши расонаҳои хабарии Юнон шумори ҳалокшудагон дар сӯхтори ҷангали ин кишвар ба 50 нафар расид, 69 ҷароҳатбардоштаву зарардида ба бемористон интиқол ёфтанд. Кормандону мутахассисони хадамоти имдод бештар аз 700 нафарро дар соҳили обҳо, ки аз сӯхтор фирор карда буданд, наҷот доданд. Хадамоти сӯхтонишонии Юнон гузориш дод, ки сабаби ин оташсӯзӣ гармои шадиде буд, ки дар се ноҳияи вилояти Аттико муддати се рӯз ба шиддат идома дошт. 23 июл калонтарин сӯхторҳо ҳамчунин дар дигар ноҳияҳои Юнон: дар вилояти Коринфия воқеъ дар нимҷазираи Пелопоннес ва наздикии шаҳри Ханя дар ҷазираи Кирит (бузургтарин ҷазираи Юнон) рух дод.