Даниэл Розенблум-ҷонишини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ мегӯяд кишвараш омодаи рушди ҳамкориҳо дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва мубориза бо фалокатҳои табиӣ бо Тоҷикистон аст.
Имрӯз бо ташаббуси Сафароти ИМА дар Тоҷикистон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҷонишини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ҷаноби Даниэл Розенблумро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот ҳамчунин Сафири фавқулодда ва Мухтори ИМА дар Тоҷикистон, хонум Элизабет Миллард ширкат дошт.
Сарвари Кумита ба меҳмонон дар бораи чораҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои коҳиши зарар аз офатҳои табиӣ, ҳамчунин рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар ин самт маълумот дод.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои омодагӣ, бозомӯзии наҷотдиҳандагон, таҳкими иқтидори техникии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва сохторҳои онро баррасӣ карданд.
Ҷаноби Розенблум аз пазироии гарм миннатдорӣ кард ва аз таҳкими муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва ИМА дар ҳамаи самтҳо, бахусус дар пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда изҳори қаноатмандӣ намуд. Вай гуфт, ки кишваре, ки ӯ аз он намояндагӣ мекунад, ба рушди ҳамкориҳо дар самти пешгирии офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон манфиатдор аст.
«Ҳукумати ИМА ба тавсеъаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда диққати калон медиҳад”,- зикр намуд ҷонишини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ҷаноби Даниэл Розенблум.
Дар навбати худ Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулода қайд намуд, ки ҳамкориҳои дуҷониба имкон хоҳанд дод имкониятҳои ду кишвар дар пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва мубориза бо фалокатҳои табиӣ дар сатҳи нав роҳандозӣ шавад.