Ярч дар рустои вилояти Ӯши Қирғизистон 24 нафарро ба ҳалокат расонд, ки 12 нафари онҳо кӯдакон буданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамшарики хонаводаҳои ҳалокшудагон аст.
29 – уми апрели соли 2017 тақрибан соати 6:40 субҳ дар рустои Аюуи ҷамоати Заргари ноҳияи Узгени вилояти Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон бар асари лағзиши замин 24 нафар, аз ҷумла 12 кӯдак ба ҳалокат расиданд. Ярч 7 хонаро зер кард ва соҳибони ин хонаҳо, ки дар ғафлат монда буданд, зери лою хоки азим монданд.
Тибқи иттилои мақомоти ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон ҳаҷми хоке, ки 6 манзилро дар ин русто гӯр кард, 1 миллион метри мукааб аст.
Дар амалиёти наҷот, ки мақомоти ҳолатҳои фавқулодда, ҳукумати маҳаллӣ ва ихтиёриён роҳандозӣ кардаанд, бештар аз 260 нафар ҷалб шудаанд.
Рӯзи 30-уми апрел Қирғизистон ба поси хотири шаҳрвандони аз фоҷеа ҳалокшудааш, мотами умумимиллӣ дошт.
Бино ба гузориши мақомот ҳоло тасмим гирифта шудааст, ки аз ин деҳаи офатзада ҳудудан 40 хонавода ба ҷойи амну бехатар интиқол дода шавад.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамшарики бародарону хоҳарони қирғизистонии худ аст ва ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон изҳори таъзия мекунад ва барояшон аз Худованди пок сабри ҷамил таманно дорад.