Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар асоси Нақша – чорабиниҳои риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар мавсими оббозии соли 2021 санаи 28 июли соли 2021 якҷо бо хизматчиёни ҳарбии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон дар якҷояги бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Хатлон, Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон ва Идораи телевизион ва радиои Хатлон дар дарёву каналҳои шаҳри Бохтар дар мавриди пешгирб аз ғарқшавии кўдакону ноболиғон дар об корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ кард.
Онҳо бо истифода аз баландгуякҳои нақлиёти махсуси наҷоти Раёсат дар бозорҳои марказии “Фаровон”, “Ҳоҷӣ Шариф” истгоҳҳои нақлиёти ва кучаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияи мазкур ва дар кулу дарёҳо оид ба пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ ва қоидаҳои оббозиву наҷотии ғарқшудагон ва ёриҳои аввалияи тиббӣ суҳбатҳо ташкил намуданд.