Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Айнӣ бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд. Маврид ба зикр аст, ки дар натиҷаи боридани боронҳои пуршиддат рӯзи 20 июл дар деҳаи Шурмашки Ҷамоати деҳоти Фондарё сел омада, ба хоҷагии халқ зарар расонид. Бар асари офати табиӣ чанде аз хонаҳои сокинон зарар дида, роҳу пулҳо хароб гардиданд.
Мутаассифона, талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шуда, ҳангоми гузаронидани корҳои бартарафкунӣ дар Патруддарё ҷасади шаҳрванд Боронбой Боронов, соли таваллудаш 1957, сокини ҷамоати зикршуда пайдо шуд.
Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати пурра бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ супоришҳои мушаххас дод.
Раҷаббой Аҳмадзода пас аз шиносоӣ бо корҳои бартарафсозӣ ба аҳли оилаи Боронбой Боронов изҳори ҳамдардӣ карда, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наздикони марҳум кӯмак расонд.
Ҳамчунин дар ноҳияи Панҷекат Раиси вилояти Суғд ба пайвандону наздикони нафароне, ки бар асари офати табиӣ ҳалок шудаанд, изҳори ҳамдардӣ кард ва аз номи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯмакҳои моддиву пулӣ расонид.
Тибқи иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент 19 июли соли 2021, тақрибан соати 17:45 дақиқа сел омада, ба деҳаҳои Вешист, Рӯзиобнок ва Киштӯдаки болои Ҷамоати деҳоти Ёрӣ зарар расонид.
Мутаассифона, 12 нафар сокинон - Этмишева Ором, Эгамбердиева Мусаллам, Исмоилова Сабрина, Исмоилова Нозима, Ҷониқулова Мавлуда, Ёқубов Ҳабиб, Исмоилова Парвина, Исмоилова Марворидхон, Исмоилова Сафина, Исмоилов Озодбек, Исмоилзода Нигина ва Исмоилзода Ҳасан ба ҳалокат расиданд.
Офати табиӣ ҳамзамон ба манзили истиқоматии сокинон, роҳу пулҳои мошингузар, хатҳои оби нӯшокиву полезӣ, хати барқу трансфарматор, майдони кишти шоливу картошка зарар расонида, якчанд нақлиёти сабукраву боркаш ва даҳҳо сар чорворо нобуд кардааст.
Корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома дошта, то кунун бо ҷалби воситаву техникаҳо роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент аз лойоба тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт таъмин карда шуд.
Инчунин, худи ҳамон рӯз (19.07.2021) дар деҳаҳои Рӯзиобнок, Киштӯдаки боло ва поён садамаҳо бартараф ва аҳолӣ бо барқ таъмин гардиданд.
Айни замон ҷиҳати тоза намудани роҳи мошингарди Панҷака - Вешист техникаҳои зарурӣ сафарбар гардида, ҷиҳати барқарор намудани хати интиқоли барқ корҳо идом а доранд