Рӯзи 10-уми июли соли равон, баъд аз зӯҳр, ҳудудан соати 15:10 дақиқа ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар расид, ки чор нафар дар “Баҳри тоҷик” дар ҳоли ғарқ шудан қарор доранд. Ниёз ба ёрии фаврист!
Наҷотдиҳандагон ва ғаввосони Раёсат, ки дар ҳамон атроф навбатдорӣ мекунанд, фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва ин чор нафарро аз об берун оварданд ва наҷот доданд.
Се нафари онҳо 26 сол доштанд ва нафари чорум 27-сола буд. Наҷотёфтагон ба ёрии тиббӣ эҳтиёҷ надоштанд.
Имдодгарон бо онҳо ва касоне, ки дар ин мавзеъ истироҳат мекарданд, суҳбат карданд ва дар бораи қоидаҳои шиновариву ёриҳои аввалияи тиббӣ ҳарф заданд.
Ҳамчунин рӯзи 10-уми июл аз ғарқи об шудану нопадид гаштани як сокини ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан дар канали Катасой хабар расид. Сабаби ин фоҷеа беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаҳои оббозӣ гуфта шудааст.
Ҷустуҷӯи номбурда он рӯз натиҷа надод. Ба муҷарради дастрас шудани хабар иттилоъ хоҳем дод.