Ҳалокати ду нафар дар як садамаи мошин дар Яхтан

Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯзи 9 – уми июл тақрибан соатҳои 13:30 дақиқа дар километри 8-уми роҳи мошингарди Деваштич - Истаравшан садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст.

Автомошини сабукрави Kia-Optima рақами қайди давлатиаш 88-80 OS 03, ки аз ҷониби як сокини 47-солаи деҳаи Деҳқонободи шаҳри Турсунзода идора карда мешуд, ба дарахти канори роҳ бармехӯрад. Дар натиҷаи садама ронанда ва  мусофири 35-солаи он,  сокини ноҳияи Деваштич, ҷамоати деҳоти Лолазор деҳаи Яхтан дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, бо истифода аз таҷҳизотҳои махсус ҷасади ронанда ва мусофирро берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. 

Сабаби садама дақиқ нест. Аммо шоҳидон мегӯянд ба назар мерасид ронанда натавонист аз уҳдаи идораи мошин барояд.

Расмҳо аз ҷойи ҳодиса.

Ш.Бутаева