Давраи дигари омӯзишӣ барои ғаввосони наҷотбахш ба анҷом расид

7 июли соли 2021 дар Маркази таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими анҷоми давраи омӯзишӣ барои 16 наҷотбахш-ғаввосони ҷавон аз ҳамаи минтақаҳои кишвар баргузор шуд.

Ин давраи омӯзишии 16-рӯза дар доираи Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон бо маблағгузории Дафтари Барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе тибқи барномаи тасдиқшудаи “наҷотдиҳанда-ғаввос” амалӣ гардид.

Омӯзишҳо аз ҷониби ду мутахассис-ғаввос гузаронида шуданд. Дар анҷоми давраи омӯзишӣ, баъди супурдани санҷиш 16 наҷотдиҳанда-ғаввоси ҷавони КҲФ малакаҳои то ба 12 метр ғӯта задан дар қаъри обро азхуд карданд. 

Дар маросими анҷоми давраи омӯзишӣ Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран ва Сарвари Дафтари намояндагии Барномаи САҲА дар шаҳри Душанбе ҷаноби Валериу Кивер иштирок карданд.  

Расиси КҲФ зимни суханронии худ ба шарикони байналмилалӣ барои дастгирии лоиҳаҳое, ки дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар кишвари мо амалӣ мешаванд, изҳори сипос намуд.  

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда зикр кард, ки ба вазъи мушкили эпидемиологӣ нигоҳ накарда тамринҳо сари вақт ва тибқи меъёрҳои пазируфташуда гузаштанд ва хеле самаровари муфид буданд.

Рустам Назарзода ҳамчунин изҳори умед кард, ки малакаҳои ҳосилшуда аз ин омӯзишҳо дар оянда барои боло рафтани самари фаъолияти наҷотбахшон ҷиҳати наҷоти ҷони инсонҳо нақши муҳим хоҳад бозид.

Дар навбати худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран ва Сарвари Дафтари намояндагии Барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷаноби Валериу Кивер изҳор доштанд, ки лоиҳаҳои омодасозӣ ва бозомӯзии наҷотдиҳандагони КҲФ дар оянда низ дастгирӣ хоҳанд ёфт.

Дар поёни нишаст ба ширкаткунандагони ин давраи омӯзишӣ шаҳодатномаҳо супурда шуданд.

барчасп: