Наҷоти ду ҷавоне, ки ба қасди худкушӣ худро ба дарёи Варзоб расонда буданд

Рӯзи гузашта, 8-уми июл ду ҷавон, ки яке 26 ва дуюмӣ 20 сол доштанд,  ба қасди худкушӣ ба дарёи Варзоб, минтақаи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ (шафати дидбонгоҳи БДА “Чорбоғ”) омаданд. Яке аз ин ҷовонон сокини деҳаи Ҷангалаки ноҳияи Варзоб ва дуюмӣ сокини шаҳри Душанбе буданд. Аз қасди худкушии онҳо ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе навбатдори ШВКД ноҳияи Исмоили Сомонӣ, майори милитсия М.Достизода хабар дод.

Баъди дарёфти хабар соати 10:25 ҳайати гурўҳи 2-юми Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  ва мудофиаи гражданӣ  дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуд.

Лозим омад бо ҷавонон як суҳбати фосилавии равонӣ роҳандозӣ кунанд ва бо ин васила онҳоро аз қасди ба ҷонашон боздоранд.

Баъдан онҳоро аз соҳил берун оварда, барои идомаи суҳбат ҷиҳати муайян кардани сабаби қасди худкушӣ ба мақомоти милитсия супурданд.

Мо намедонем чӣ ин ду ҷавонро водор кард даст ба амали худкушӣ зананд, вале яқинан қасд ба ҷон роҳи ҳалли мушкилот нест.

Ҷавонон бояд дар баҳсҳои худ то ба ҳадди ниҳоӣ худро омодаи ҳар кори ношоиста накунанд. Амали худкушӣ оқибатҳои бади равонӣ барои пайвандону хешовандон хоҳад дошт. 

О.Фахриддинзода