Аз 331 ҳодисаи фавқулода дар шаш моҳ ба вилояти Суғд ҳудудан 22 миллион сомонӣ зарар расидааст

Дар маҷлисгоҳи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вилоят ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Раёсат инчунин шўъба ва бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо давоми нимсолаи аввали соли 2021 натиҷагирӣ гардид. Ҷаласаро сардори Раёсат полковник Додиён Баҳром Одина бо суханони ифтитоҳӣ оғоз намуда, рўзномаи ҷаласаро ба ҳозирин шинос намуданд. Баъдан  муовини сардори Раёсат полковник Анварҷон Қосимов ҳисоботи фаъолияти Раёсат ва шўъба ва бахшҳои Раёсати вилоят дар шаҳру ноҳияҳо дар давоми нимсолаи аввали  соли равонро ба самъи ҳозирин расонид.

Анварҷон Қосимов зимни таҳлили фаъолияти шашмоҳаи Раёсад ёдовар шуд, ки  331 ҳодисаҳои фавқулодда хусусияти гуногундошта ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асари онҳо 67 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд, маблағи зарари расида аз ҳодисаҳои мазкур ба иқтисодиёти вилоят 21 миллиону 950 ҳазору 082 сомониро ташкил додааст. Вай дар қиёс иброз дошт, ки соли 2020 дар нимосолаи аввал дар қаламравви вилоят  260 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба амал омада буд, ки бар асари онҳо 64 нафар ҷони худро аз даст дода буданд. Маблағи зарар 42 миллиону 986 ҳазору 544 сомонӣ буд.

Дар нимсолаи якуми соли 2021 дар ҳудуди вилоят 4 (чор) ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиӣ дошта ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 8 нафар ба ҳалокат расидаанд, дар ҳамин давраи соли 2020 4 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиӣ бақайд гирифта шуда, дар натиҷа 2 нафар ба ҳалокат расида буданд.  

Зикр гардид, ки наҷотдиҳандагони Раёсат дар нимсолаи аввали соли 2021 дар 43 амалиётҳои наҷот, кофтукобӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда иштирок намуданд. Аз ҷумла, дар ин муддат барои боз кардани 14 дари басти хонаҳои истиқоматӣ саҳм гирифтанд, дар бартараф намудани паёмадҳои 5 ҳодисаи нақлиётӣ ҳисса доштанд, гузаронидани амалиётҳои наҷот дар обҳо, наҷоти нақлиёт ва одамон аз тарма ва ғайра иштирок доштанд. 

Сипас сардори Раёсат фаъолияти як қатор шаҳру ноҳияҳоро таҳлил намуд ва вазифагузориҳои мушаххас барои фаъолияти минбаъдаи онҳо гузошта шуд.

 Ш.Бутаева