Бо гарм шудани ҳарорати ҳаво маъмулан аксарияти одамон барои раҳоӣ ефтан аз гармо, барои истироҳату фароғат ба маҳзанҳои об, назди соҳилҳои рӯдхонаҳо мераванд. Албатта обутоби бадан барои саломатии инсон, баланд гардидани фаъолияти рӯҳию ҷисмонӣ фоидаовар мебошад, вале набояд фаромӯш кунем, ки дар баробари фоиданок будани оби дарё, сабани фалокат низ шуда метавонад, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар об, шино кардан дар минтақаҳои хавфноки мамнӯъ оқибати нохуш дошта метавонад.
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсат оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар соли 2021, ҳамарӯза рейдҳо, корҳои таблиғотӣ дар байни аҳолӣ баргузор намуда истодааст.
Чунончӣ, аз ҷониби гурўҳи таблиғотии Раёсат дар мавзеъҳое, ки бештари аҳолӣ ҷамъ мешаванд, аз ҷумла: обутобгоҳҳои шаҳри Хуҷанд, мавзеҳои хавфноки барои шиноварӣ маъншуда, назди соҳили боғи фарҳангиву фароғатии Наврӯзгоҳ, пули ҷашнӣ, назди чойхонаи Аҳрулло, беморхонаи дилшиносии вилоятӣ, пули Исмоили Сомонӣ, боғи фарҳангиву фароғатии Ғалаба, микроноҳияи 13, мағозаву хиёбонҳо, истгоҳҳо рафта бо сокинону истироҳаткунандагон, ки аксарият бошандагони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич, Спитамен, Б.Ғафуров, Мастчоҳ ва Хуҷанд мебошанд, сӯҳбатҳо гузарониданд.
Дар рафти аксияи таблиғотӣ вобаста ба риояи қоидаҳои шиноварӣ, шино кардан дар мавзеъҳое, ки амнияти бехатарии шинокунандагон кафолат дода шудааст, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронаврус, зери назорати қатъӣ қарор гирифтани кудакон, фарзандони ноболиғ, масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон бо мисолҳои мушаххас фаҳмонида шуда, китобчаҳо, аёниятҳои таблиғотӣ дар бораи риояи қоидаҳои оббозӣ ва расонидани кӯмаки аввалия ба ғарқшуда, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баҳри пешгирии паҳншавии бемориии сироятии коронавирус тақсим карда шуд.
Ш. Бутаева