COVID-19: Марги боз ду нафар дар Тоҷикистон. Аврупо дар интизори мавҷи чорум

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар оламро 185 миллиону 858 ҳазору 424 нафар эълон кард. Аз ин беморӣ аз аввали ҳамагирӣ 4 миллиону 017 ҳазору 916 нафар ҷон бохтаанд. Ҳамоно ИМА, Ҳинд, Бразилия ва Фаронса дар ҷадвали сироятёфтагон чор мақоми аввалро ишғол мекунанд. Русия дар ин ҷадвал дар ҷойи чорум ва Туркия, Британияи Кабир, Аргентина, Колумбия ва Италия ҷойҳои баъдиро ишғол кардаанд.

Зарфи як ҳафтаи охир дар саросари олам бештар аз 2,68 млн ҳодисаи сироят ба вируси корона ба қайд гирифта шудааст. Пештари иммунологи белгӣ Жан-Люк Гало ҳушдор дода буд, ки кишварҳои аврупоӣ тобистони гарм метавонанд ба мавҷи чоруми сирояти коронавирус рӯ ба рӯ шаванд.   

Дар пойгоҳҳои ҳарбии ИМА дар Кореяи Ҷанубӣ ҳамоно ҳодисаҳои нави сироят ба вируси корона ба қайд гирифта мешавад.  Ҳоло коронавирус дар 17 хизматчии ҳарбӣ ва узви оилаи онҳо сабт шудааст.  

Баъди ду моҳи коҳиши босуботи шумори сироятшудагон дар Олмон бори аввал ин омор рӯ ба афзоиш овард. Зарфи як шабонарӯзи гузашта табибони олмонӣ 985 мубталои нав ба COVID-19-ро ба қайд гирифтанд. Ин ба ҳисоби миёна 177 ҳодиса бештар аз рӯзҳои қабл аст. Шабонарӯзи гузашта 48 нафар дар Олмон аз ин беморӣ ҷон бохтаанд.

Зарфи 24 соати гузашта дар Туркия боз 5299 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудаву 37 нафар фавтидаанд.  

6 июли соли равон вазорати тандурустии Эрон хабар дод, ки шумори куштагони коронавирус дар ин кишвар ба 85 095 нафар расидааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта 146 эронӣ аз ин беморӣ ҷон бохтаанд. Шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар боз 16 080 нафар чун мубтало ба коронавирус сабт шуданд ва 1733 нафари онҳо бистарӣ гаштанд.

Ҳукумати Латвия ба корфармоён иҷозат хоҳад дод, ки афроди ваксин нагирифтаро аз кор озод кунанд. Ҳукумати ин кишвар ба вазорату идораҳои дахлдор дастур дод, ки на дертар аз 14-уми июл ҳамин гуна ислоҳот дар қонунгузориҳо ворид созанд. Қарор аст қоидаи нав дар Латвия аз 15-уми сентябр мавриди иҷро қарор дода мешавад.  

Вазъи эпидемиологӣ дар Гурҷистон рӯ ба вахомат меорад. Аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар  372 685 чун мубтало ба коровирус ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин муддат аз COVID-19  5394 фавтидаанд.

Шумори гирифтрон ба COVID-19 дар Русия зарфи як шабонарӯзи гузашта 23 962 нафар афзудааст. Бештари мубталоёни нав дар  Москав (5621), Подмосковйе (2531), Санкт-Петербурге (1906), вилоятҳои Нижегород (477) ва Воронеж (388), Красноярск (362) ва Перм (352) ва Свердловск  (345) ва Қрим (335) сабт шудаанд.

Дар Ӯзбекистон 2,59 миллион нафар сокинон аллакай аввалин дозаи ваксинаро гирифтанд. Суръати ваксинатсия бештар дар вилоятҳои Намангон, Фарғона, Андиҷон болост. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки то ба ин дам 1,35 млн нафар дозаи дувум ва 422 ҳазор нафар дозаи сеюми ваксинаро дарёфт кардаанд. Бештар аз ҳама вакиснаи тавлиди муштараки Ӯзбекистон ва Чин ZF-UZ-VAC2001 истифода мешавад. Танҳои шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 136,3 ҳазор нафар худро зидди коронавирус эм карданд.   

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз марги боз ду нафар аз COVID-19 хабар дод ва шумори фавтидагон аз ин беморӣ аз аввали пандемия ба 97 нафар расид. Шабонарӯзи гузашта 35 сироятшудаи нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд ва шумори  умумии мубталоён аз аввали ҳам агирӣ ба 13 690 нафар расид.

Тоҷикистон аз расидани мавҷи дуюми сироят ба коронавирус 21-уми июн хабар дод.

барчасп: