Кумакҳои башарии Ҷумҳурии Корея ба офатрасидагон

Бо мақсади расонидани кӯмак ба аҳолии зарардида аз офатҳои табиӣ ва дар доираи татбиқи ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея дар КҲФ маросими таҳвили кумакҳои башарӣ баргузор гардид. Ин ёриҳои башарӣ аз се намуд кӯрпа ва генераторҳо иборат буд.

Дар ин маросим Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон ҷаноби Гук Ҷем Хён иштирок карданд. 

Раиси Кумита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Корея барои ин ёрии башарӣ ва ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ изҳори сипос намуд.

Дар навбати худ ҷаноби Сафир низ итминон дод, ки ҳамкориҳои дуҷониба байни кишвар дар заминаи пешгирӣ ва аз байн бурдани паёмадҳои  офатҳои табиӣ дар оянда низ идома хоҳанд дошт.

барчасп: