Раёсати КҲФ дар Хатлон аз фаъолияти шашмоҳаи худ натиҷагирӣ кард

Имрӯз дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон   ҷаласаи ҷамбастии фаъолияти хизматии Раёсат дар шаш моҳи охир баргузор шуд.

Дар ҷаласа сардорони шуъбаю бахшҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат ва суханронӣ намуда, дар бораи  иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006 №778 “Оид ба тасдиқ намудани Қоидаҳои ташкил ва истифодабарии манбаъҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусиятӣ табии ва техногенӣ” маълумот доданд.

Дар ҷаласа дар кадом сатҳ қарор доштани селроҳаҳо, селпартовҳо ва минтақаҳои хавфноки вилоят мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Инчунин тадбирҳои андешидашуда барои пешгирӣ аз ғарқ шудани  шаҳрвандон дар кулу дарёҳои вилоят ва роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар ин замина сухан рафт. 

 

М.Муйдинов