Рӯзе қабл дар обҳои кишвар 5 ҷасад пайдо ва ба соҳибонашон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуданд. Ҳар панҷ нафар наврасоне буданд, ки ба танҳоӣ ва бе назорати калонсолон оббозӣ мекарданд. Вақтҳои охир бо вуҷуди роҳандозии корҳои таблиғотӣ ва ҳушдорҳои пайвастаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва дигар мақомоти дахлдор ҳодисаҳои ғарқи об шудану ба ҳалокат расидани наврасону кӯдакон зиёд ба қайд гирифта мешавад.
Чунончӣ, рӯзи 4-уми июли соли равон як навраси 11-сола, сокини ҷамоати деҳоти Акрам Ҳасанов, деҳаи Шарифии ноҳияи Шаҳринав ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Қаратоғ ғарқ шуд.
Баъд аз гирифтани ахбороти фаврӣ ба ҷои ҳодиса афсарони шуъбаи Кумита дар шаҳри Турсунзода сафарбар шуда, якҷо бо аҳолӣ корҳои кофтуковиро ба роҳ монда, соати 11:50 дақиқа, ҷасади ноболиғ аз соҳили дарё пайдо карданд ва ба наздиконаш супурданд.
**** *** ***
Духтарчаи 7-сола аз деҳаи Адири ҷамоати деҳоти Ҷ. Раҳмони шаҳри шаҳри Турсунзода бо сабабҳои номаълум дар канали Заркамар ғарқ шуд.
Баъд аз гирифтани ахбороти фаврӣ ба ҷои ҳодиса наҷотдиҳандагони Маркази наҷоти Кумита сафарбар шуда, ҳамроҳ бо чанд тан аз сокинони маҳал дар масофаи 2,5 км аз ҷойи ҳодиса ҷасади ӯро пайдо карданд ва ба пайвандонаш супурданд.
**** *** ***
Баъд аз зуҳри рӯзи гузашта як духтари ноболиғи дигар аз деҳаи Саховати ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми шиноварӣ дар канали Куктош аз беэҳтиётӣ ғарқ шуд. Имдодгарони Маркази наҷот ҷасади ӯро аз соҳили канал пайдо ва ба хешонаш супурданд.
**** *** ***
Боз ҳам баъд аз зуҳри рӯзи 4-уми июни соли равон сардори бахши Кумита дар ноҳияи Варзоб ба навбатдори фаврии Кумита хабар дод, ки дар дохили сарбанди неругоҳи барқии обии ноҳияи Варзоб ҷасади ҷисмаш зан рӯи об баромадааст.
Баъд аз гирифтани ахбори фаврӣ ба ҷои ҳодиса гурӯҳи наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе сафарбар гардида, соати 18:30 дақиқа, ҷасадро аз об бароварда ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супориданд.
Баъд аз ташхис маълум гардид, ки ин бону 18-сол дошта, истиқоматкунандаи деҳаи Қулпистаи ноҳияи Рӯдакӣ будааст.
Сабаҳои марги ӯ маълум нест. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ парванда боз карданд ва тафтишот идома дорад.
**** *** ***
Ҳамчунин ҷасади як марди ба тахмин 40-50 сола дар кӯчаи ба номи М.Назрибекови шаҳри Душанбе пайдо шудааст. Ин мард дар наздикии як гараж фавтидааст ва сабаби марги вай номаълум аст.
Бо даъвати навбатдори ШКВД ноҳияи Фирдавсӣ гурӯҳи имдогарон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҷасади марди ношиносро ба кормандони милитсия супурданд.
**** *** ***
Як ҷавони 17-сола, сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 03.07.2021, тахминан соати 15:30 дақиқа ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон, ғарқ шуда буд.
Ҷасади ӯро рӯзе пас 500 метр поинтар аз макони ҳодиса пайдо ва ба мақомотҳои дахлдор супориданд.