Шарҳи вазъи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 нашр шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солномаи “Шарҳи вазъи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждани дар соли 2021”, ки аз ҷониби мутахассисони КҲФ бо дастгирии молиявии САҲА омода шудааст, нашр кард.

Дар Шаҳр ҳолатҳои фавқулоддае, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 рух дод ва натиҷаи татбиқи чирабиниҳое, ки Кумита дар ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди кишвар аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ роҳандозӣ кард, муффассал таҳлил шудааст.   

Ғайр аз ин солнома дар бораи пешгирӣ, вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, чорабиниҳое, ки иртибот ба иншоотҳои радиатсионӣ ва кимиёвӣ доранд, ҷамъбасти фаъолиятҳои хидматии КҲФ ва МГ дар ҷустуҷӯ ва наҷоти одамони ҷабрдида бар асари ҳодисаҳои табиӣ ва техногенӣ, ба онҳо расонидани аввалин ёриҳои тиббӣ ва интиқолашон ба муассиаҳои табобатӣ иттило медиҳад. 

Дар Шарҳ ҳамчунин чорабиниҳои таҳкими иқтидори КҲФ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда инъикоси худро ёфтаанд. 

Ин Шарҳ ба ҳамаи вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мешавад.

барчасп: