Дар асоси Нақша- чорабиниҳои КҲФ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2021, ҷиҳати иҷрои бандҳои Нақша-чорабиниҳо оид ба «Риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ ба мавсими оббозӣ дар соли 2021», аз ҷониби афсарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе, Дастаи махсуси зудаамали наҷотдиҳӣ ҳолати экологӣ, тайёрӣ ба қабули кӯдакону наврасон ва фаъолияти лагерҳои истироҳатию фароғатии берун аз шаҳрӣ зери назорат гузаронида шуд.
Ҳангоми баргузории вохуриҳо афсарони Кумита бо кӯдакону наврасон ва кормандони истироҳатгоҳҳои мазкур машғулиятҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти ҳолатҳои фавқулода ва видеороликҳо ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти коронавируси навъи COVID-19, оид ба чорабиниҳои пешгирикунанда аз бемории коронавирус гузаронида шуда, маводҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки истироҳатгоҳҳои мазкур дар ҳолати хуби экологӣ қарор дошта, аз ҷониби гуруҳи кории Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе оид ба риоя намудани қоидаҳои бехатарӣ аз ҳама гуна ҳолатҳои фавқулодда корҳои таблиғотию ташвиқотӣ гузаронида шуд.