Баргузории мулоқт бо Ёвари Дабири Кулли СММ

21 июни соли 2021 дар доираи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо Директори Бюрои минтақавии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид / Ёвари Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Миряна Сполярич Эггер баргузор шуд.

Дар оғози мулоқот Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба хонум Эггер дар бораи самтҳои фаъолият ва усулҳои кори идора, сохтор ва шуъбаҳо, инчунин дар бораи корҳое, ки барои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда дар кишвар рух медиҳанд ва бартарафсозии паёмадҳои онҳо маълумот дод.

Илова бар ин, бо таъкид ба сатҳи баланди ҳамкорӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ байни Тоҷикистон ва Барномаи Рушди СММ Раиси КҲФ дар бораи лоиҳаҳои муштараки Кумита ва БРСММ дар солҳои охир дар доираи татбиқи барномаи Рушди КҲФ барои солҳои 2018 – 2022 ва Стратегияи милии коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 нақл кард.  Инчунин, Раиси КҲФ дар бораи сохтмон ва таҷдиди Маркази миллии таълимӣ оид ба таълим ва бозомӯзии наҷотдиҳандагон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҶИА маълумот дод.  

Дар навбати худ хонум Эггер барои ин мулоқоти самимӣ ва маълумоти муфассали ироашуда изҳори сипос кард ва ба ҳамкориҳои минбаъда ва роҳандозии чорабиниҳои муштарак дар масъалаҳои барои ҷонибҳои манфиатбахш таъкид намуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо имкониятҳо ва роҳҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва рафъи паё мадҳои ҳолатҳои фавқулода ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ, масъалаҳои омода намудан ва бозомӯзии кормандони  КҲФ – ро барарсӣ намуданд. 

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Кумита ва СММ дар самти коҳиши хатари офатҳо изҳори умед карданд.

барчасп: