Ҳуввияти ҷасаде, ки рӯзи шанбе дар канали Ҳисор пайдо шуд, номаълум монд

Рӯзи 19-уми июни соли равон аз рӯи об омадани ҷасади як марди ношинос дар канали Ҳисор ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар расид.

Дастаи зудамали наҷоти Раёсат ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуд. Баъди роҳандозии як силсила корҳои фаврӣ бо ҳамкории сокинони атроф дар мавзеъи  зери пули Ҳаёти нави пойтахт ҷасад аз миёни канал ба соҳил оварда шуд.

Ғарқшуда як марди ба тахмин 50-55 –сола буда, ҳуввияти ӯ маълум нест.

Наҷотдиҳандагон ҷасадро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Мақомот аз рӯи ин ҳодиса парванда оғоз карда, сабабҳои ғарқ шудан ва шахсияти ғарқшударо мушаххас мекунанд. 

 

О.Фахриддинзода