Як ҷавони 19-сола – сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд қариб буд дар обанбори стансияи насосии “Сомгор” ғарқ шавад. Ин ҳодиса рӯзи гузашта соати 14:30 дақиқа дар маҳалле рух дод, ки оббозӣ дар он қатъиян манъ аст.
Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки навбатдорӣ мекарданд, шахсеро диданд, ки дар об ғарқ мешуд ва дар талошаш барои берун омадан ноком мешуд. Онҳо хеле зуд ба маҳалли ҳодиса расиданд ва писари дар ҳоли ғарқ шуданро берун кашиданд.
Ба ҷабрдида ёриҳои аввалини тиббӣ расонданд, вале барои бистарӣ шудан дар бемористон майл накард.
Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар Суғд ба навбатдории шабонарӯзии худ дар соҳили обҳои қаламрави вилоят идома медиҳанд.
Аммо дирӯз, боз ҳам баъд аз зӯҳр, як ҷавони 22-сола дар кӯли сунъии ба истилоҳ “Мехкарйер” воқеъ дар маҳалли Чимтеппаи ноҳияи Фирдавсии пойтахти кишвар ғарқ шуд.
Ин хабар аз тариқи Шумораи ягонаи “112” ба Қисми навбатдорӣ расид ва гуфта мешуд, ки шахси ношиносе дар кӯли сунъии Мехкарйер ғарқ шудааст. Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҷасади ин ҷавонро аз об берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳои гарме, ки ҳама худро ба соҳили обҳо мезанад, кӯшиш кунанд танҳо дар ҷойҳое оббозӣ ва шиноварӣ намоянд, ки иҷозат дода шудаанд.
Оббозӣ дар ҷойҳои мамнӯъ хатари зиёд ба ҷони шумо дорад.