Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ду маротиба бо даъвати шаҳрвандон барои боз кардани дарҳои баста дар нукоти мухталифи пойтахт рафтаву кумак кардаанд.
«Сабабҳо гуногунанд: бештар бо айби сокинон ин ҳолатҳо пеш меоянд, ки дар боз бар асари шамол банохост баста мешаваду онҳо дар берун мемонанд. Ва ё ҳодиса ба вайрониву харобии қафли дар иртибот дорад.
Аммо баъзан мешавад, ки кӯдаки танҳо дар дохили хона худ дарро мепӯшад, он баста мешавад ва наметавонад мустақилона онро боз кунад”,- мегӯянд имдодгарон.
Дар ҳамин иртибот КҲФ борҳо аз сокинон хоҳиш кардааст, ки хеле эҳтиёткор бошанд ва кӯдаконро дар хона танҳо намонанд.