Пирӯзии дастаи волейболбозони КҲФ бар дастаи ВКХ. Ҳисоб: 2:1

11-уми июни соли 2021 дар толори варзиши Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии № 5 мусобиқаи волейбол баргузор шуд, ки дар он варзишкорони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тими Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сабқат карданд. Дар ин мусобиқа дастаи волейболбозони КҲФ ба ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

Гуфтанист, ки ин бозиҳо бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳуумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таблиғи тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву бародарӣ миёни кормандони вазорату идораҳо гузаронида мешаванд.

Ғайр аз ин рӯзи 12-уми июни соли 2021 дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Маркази омӯзишӣ-методии КҲФ мусобиқаи волейбол миёни дастаҳои гуногуни воҳидҳои сохтории идораи наҷот багузор шуд.

Дар ин бозиҳо ҷойи аввал насиби тими “Марказ” – Дастгоҳи Марказии КҲФ шуд. Тими “Душанбе”-и Раёсати КҲФ дар пойтахт соҳиби ҷойи дуюм ва тими “Наҷотдиҳандагон”-и Раёсати махсусгардонидашудаи хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷот ҷойи сеюмро ишғол намуд.

Ғолибонро муборакбод мекунем!

барчасп: