Наҷоти як марди 35-сола дар Хуҷанд. Боз кардани як дари баста дар Душанбе

11-уми июни соли 2021 соати 14:20 дақиқа як марди 35-сола, сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҳангоми шино дар миёни дарё ба ғарқ шудан оғозид.

Дастаи навбатдорони соҳили дарё аз ҷумлаи кормандони наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фавран бо заврақи моторӣ худро ба назди ӯ расонданд. Ба шарофати амали фаврӣ ин бону аз марг наҷот дода шуд. 

Имдодгарон ба вай кумак карданд, ки ба заврақ боло шавад ва баъдан ӯро то ба соҳил расонданд. Ин мард ба ёрии тиббӣ эҳтиёҷ надошт ва наҷотдиҳандагон ӯро саломат ба пайвандонаш супурданд. 

Ҳодисаи дувум дар пойтахт рух дод. Шаби гузашта, соати 21:55 дақиқа дар Қисми навбатдории КҲФ хабар расид, ки дар як бинои бисёрошёна воқеъ дар кӯчаи Рӯдакӣ 179 аз сабаби ногаҳон баста шудани дар марде наметавонад вориди хонааш шавад. 

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расиданд ва дарро бо истифода аз таҷҳизоти махсус боз карданд.

барчасп: