Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави шаҳри Душанбе наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи щолатщои фавцулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт ду маротиба бо даъвати шаҳрвандон ах коргоҳ берун шуданд ва ду дари бастаро боз намуда, мушкили сокинонро осон карданд.
Дар яке аз ин хонаҳо тифлакон бо як пирамарди 77-солаи маҷрӯҳи гурӯҳи якум дармонда буданд.
Ҳам кӯдакон ва ҳам пирамард ба ёрии тиббӣ ва маслиҳати равоншиносӣ ниёз надоштанд. Аммо бо вуҷуди ин имдодгарон бо волидони онҳо дар мавриди беназорат нагузоштани фарзандони ноболиғашон суҳбат карданд. Онҳо таъкид карданд, ки вақте сухан аз бачаҳо меравад, волидон ҳамеша бояд донанд, ки на ҳар бор ин фаромӯшхотириҳову ин танҳоигузориҳо паёмад нахоҳанд дошт. Шавад рӯзе, ки ин амалҳо нохушиеро ба бор оранд.
ДАРИ БАСТА БОЗ ШУД. ТИФЛИ ДУСОЛА АЗ ТАНҲОӢ НАҶОТ ЁФТ. ВОЛИДОН ЧАРО БЕПАРВОЯНД?
10 – уми июни соли равон соати 18:00 ҳангоми оббозӣ дар ҷойи мамнӯъ ва аз сабаби рияо накардани қоидаҳои бехатарӣ ва беназоратии волидон як сокини 9-солаи деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб дар қаламрав шаҳри Хуҷанд, дар дарёи Сир ғарқ шуд.
Навбатдорони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуолдда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон дар вилояти Суғд бо дарёфти хабари ғарқи об шудани ин духтарчаи 9-сола фавран ба ҷойи ҳодиса расиданд ва дар дақиқаҳи башумор ӯро гирдоби дарё берун оварданд.
Расидани фаврӣ ба ҷойи ҳодиса имкон дод, ки ин духтарчаи нуҳсола солим аз об берун оврада шавд. Барояш кумаки аввалияи тиббӣ расонда шуд.
Кумитаи ҳоалтҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон бо як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш мекунад танҳо дар ҷойҳои иҷозатдодашуда оббозӣ кунанд.
Сармаст аз шароб вориди об нашаванд. Тани танҳо шабонгаҳон шиноварӣ накунанд. Бачаҳоро беназорат нагузоранд.
Қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд.
Барои ошноии бештар ба қоидаҳои бехтарӣ дар обҳо ба ин матолиб таваҷҷуҳ намоед: