Ташаббуси навбатии КҲФ бо шарикони байналмилалӣ

Бо мақсади тақвият бахшидани амалҳои муштарак дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, инчунин татбиқи минбаъдаи «Ёддошти тафоҳум байни Кумита ва Барномаи Ҷаҳонии СММ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи омодагӣ, бартараф ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣдар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии КҲФ бо намояндагони як қатор ташкилотҳои байналмилалии муқими кишвар ҷаласа баргузор гардид.

Ҳадафи асосии ҷаласа муаррифии лоиҳаи муштараки КҲФ ва Барномаи Умумиҷаҳонии озуқаи СММ дар мавриди ташкили Гурӯҳи кории миллии луҷистикӣ аз ҳисоби намояндагони КҲФ ва созмонҳои байналмилалӣ буд, ки дар ҳолатҳои фавқулодда нақши луҷистикӣ дар расонидани кӯмак ба аҳолии зарардидаро мебозад.

Дар расми ифтитоҳи ҷаласа муовини Раиси КҲФ полковник Имомалӣ Иброҳизода ба шарикон хириҷӣ барои кумакҳои бедареғашон ба аҳолии зарардида аз селҳои охир изҳори сипос намуд ва даъват кард, ки ҳамкориҳои муштаракро тақвият базшанд. 

Намояндагони созмонҳои хориҷӣ аз омодагиҳои худ дар кори Гурӯҳи милии луҷистикӣ ва идомаи амалҳои муштарак дар расонидани ёриҳои зарурӣ ба аҳолии кишвар эълон доштанд.  

барчасп: