Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсими оббозӣ пайваста дар соҳили махзанҳои об рейдҳо мегузаронанд. Ин гуна чорабиниҳо бо мақсади санҷишу тафтиши риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ гузаронида мешаванд. Ҳамзамон дар ҷараёни роҳандозии ин рейдҳо омодагиҳои хадамоти наҷот дар тафреҳгоҳҳо санҷида шуданд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ ва Турсунзода кормнадони КҲФ ба истироҳаткунандагон қоидаҳои бехатарӣ бар соҳи обҳоро фаҳмониданд, ҳамчунин нақл карданд, ки ба ҷабрдида чӣ гуна бояд кумаки аввалия расонанд.
Кормандони Кумита дар ҷараёни роҳандозии корҳои табилиғотӣ ба истироҳаткунандагон фаҳмониданд, ки ҳатман бояд дар ҷойҳое оббозӣ кунанд, ки иҷозат аст, бисёр бодиққату ҳушёр бошанд ва кулли қоидаҳои оббозиро риоя кунанд.
Албатта, нигарониҳо ҷо доранд. Аксари касоне, ки барои истироҳат ба соҳили обҳо дар ин фасли гарм мераванд, одитарин қоидаҳои бехатариро риоя намекунанд.
Яке аз сабабҳои аслии ғарқ шудани одамон дар мавсими оббозӣ ин шиноварӣ дар ҷойҳоест, ки таҷҳизонида нашудаанд, яъне ба сабабҳое барои оббозӣ манъ мебошанд. Ва иллати дигар беназорат гузоштани бачаҳо дар соҳили обҳост. Вақте бача беназорат монду дид, ки ҳама худро ба об мезананд, куҷо медонад, ки об хатар дорад?
Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад ҳангоми истироҳат дар соҳили обҳо танҳо дар ҷойҳое оббозӣ кунанд, ки иҷозат дода шудааст. Дар маконҳое, ки об маҷрои тез дорад, аслан шиноварӣ мумкин нест, бахусус барои касоне, ки на ҳамаи қоидаҳои оббозиро медонанд.
Ҳангоми сархӯшӣ аз нӯшокиҳои спиртӣ оббозӣ қатъиян манъ аст.
Наврасон ва кӯдакон бояд ҳатман ҳамроҳ бо калонсолон вориди тафреҳгоҳҳо шаванд. Танҳо ҳатто наздик шудани онҳо ба об иҷозат нест.
Оморҳои ахир ҳикоятгари онанд, ки аз ҳама бештар дар ин мавсим кӯдакону наврасон ғарқ мешаванду ба ҳалокат мерасанд.
АГАР ШУМО ШОҲИДИ ЯГОН ҲОЛАТИ ФАВҚУЛОДА ШУДЕД, ФОҶЕАРО МУШОҲИДА КАРДЕД ВА Ё ХУД ДАР ҲОЛИ НОГУВОРЕ МОНДЕД, ПАС ҲАТМАН БА ХАДАМОТИ КУМАКИ ФАВРӢ БО ШУМОРАИ “112” ВА Ё БО ТЕЛЕФОНИ 93 880 28 19 ХАБАР ДИҲЕД.