Панҷ ғарқшудаи рӯзҳои истироҳат дар обҳои кишвар. КҲФ бо нигаронӣ ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!!!

Аз риоя накардани  қоидаҳои бехатарӣ дар обҳо ва надонистани қоидаҳои оббозӣ ва шиноварӣ дар ҷойҳои мамнӯъ рӯзҳои истироҳати гузашта 5 нафар ғарқ шуданд, ки 3 нафари онҳо бачаҳои ноболиғ буданд.

6 – уми июни соли 2021 ду бародарон аз шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, ки яке 11 ва дуюми 6 сол дошт, ҳангоми оббозӣ вақти оббозӣ дар дар дарёи Сир ғарқ шуданд. Ҷасади онҳо пайдо ва ба волидонашон супурда шуд. 

Худи ҳамон рӯз дар қаламрави шаҳри Нораки вилояти Хатлон дар натиҷаи саҳлангориву бепарвоӣ ва беназоратии волидон дар дарёи Вахш як духтарчаи 5-сола ғарқ шуд. Ҷустуҷӯи ҷасади ӯ ҳамоно идома дорад. 

Рӯзҳои истироҳат дар дарёҳои Варзоб ва Кофарниҳон дар натиҷаи дағалона вайрон кардани қоидаҳои будубош дар об ду сокини 19 ва 33-солаи ноҳияҳои Варзоб ва Шуғнони ВМКБ ғарқ шуданд. Ҷасади аввалиро, ки сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб буд, наҷотдиҳандагони КҲФ якҷо бо аҳолии маҳал пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд.

Аммо ҷасади дуюмӣ то ба ҳол пайдо нашудааст ва ҷустуҷӯ идома дорад.

Маврид ба ёдоварист, ки рӯзи 4-уми июни соли ҷорӣ низ ба сабабҳои беназоратӣ 3 кӯдак дар обҳои кишвар ғарқ гардид. Ва чуноне дида мешавад дар се рӯз хабари марги 8 нафар дар обҳо расид, ки 6 нафари онҳо кӯдакон мебошанд.

КЧС: РОДИТЕЛИ, БУДЬТЕ БДИТЕЛЬНЫ! ЗА СУТКИ УТОНУЛИ ТРОЕ ДЕТЕЙ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон ҳамдардии амиқ баён мекунад. Бори дигар аз сокинон хоҳиш менамояд бачаҳоро беназорат нагузоранд. Ҳангоми оббозӣ дар обҳои кишвар қоидаҳои шиновариро ҷиддан риоя кунанд.

Дар ҷойҳои мамнӯъ ва ношинос ҳаргиз оббозӣ накунанд!

барчасп: