30 –уми майи соли 2021 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Раиси Ҳукумати вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз деҳаҳои офатрасида дар ноҳияҳои Вахш ва Абдурраҳмони Ҷомӣ дидан карданд ва бо фаълолони ин ду ноҳия низ мулоқот намуданд.
Дар ҷараёни сафари кории худ онҳо бо рафти корҳои барқароркунии паёмадҳои офатҳо шинос шуданд. Ба онҳо дар бораи корҳои анҷомдодашуда, дар бораи кӯмак дар сохтмони хонаҳо, кӯчаҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ маълумот доданд.
Онҳо ҳамчунин бо сокинон мулоқот карданд ва арзи онҳоро шуниданд. Ҳангоми дидор бо фаъолони ду ноҳия Раиси Кумита ва Раиси вилоят ба шахсони масъул супориш доданд, ки корҳои боқимондаро дар фурсати кутоҳ, вале бо сифати баланд анҷом диҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки то 30-уми моҳи май дар заминҳои барои сокинони осебдидаи деҳаи Ифтихори ноҳияи Ҷомӣ ҷудошуда корҳои сохтмон дар авҷ буданд ва аллакай барои 17 хона деворҳо бардошта шуданд ва корҳои сохтмону бунёдкорӣ басуръат идома доранд.
Ҳамчунин дар ноҳияи Вахш низ то 30-уми май дар 34 қитъа корҳои рехтани пойдевори хонаҳо ва деворзанӣ идома дорад.
Маврид ба ёдоварист, ки Ситоди фаврии ҷумҳуриявӣ бо кумаки Ҳукумати кишвар, созмонҳои байналмилалӣ, соҳибкорони маҳаллӣ ҳамарӯза ба сокинони осебдида маводҳои ғизоӣ, сохтмон, доруворӣ ва ашёи ниёзи аввал кумак мерасонанд.