Дастаи мунтахаби футболи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 27-уми майи соли ҷорӣ дар мусобиқаи “Футболи хурд”, ки миёни вазорату идораҳо мегузарад, бар тими Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби 3:2 ғолиб омад.
Ин бозиҳо бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба солгарди Истиқлоли кишвар ва бо мақсади ташвиқу тарғиби варзиш ва тарзи ҳаёти солим, сулҳу субот дар ҷомеа, устувор мондани дустию бародарӣ ва рафақат байни кормандони вазорату идораҳо роҳандозӣ шудаанд.
Бозӣ дар маҷтамаи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо” баргузор гардид.
М.Аҳмадзода, Сардори Раёсати кадрҳо ва
кор бо ҳайати шахсии Кумита, полковник