Рӯзи 28-уми майи соли равон дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишии шатранҷ ва шашка баргузор шуд. Дар мусобиқаи мазкур 23-нафар аз воҳидҳои таркибӣ ва қисмҳои ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Дар ин бозиҳо подполковник Мирмаҳмадзода Манучеҳр- сардори Шуъбаи корҳои сиёсӣ-тарбиявии Раёсати қушунҳои Кумита, лейтенанти калон, сардори Шуъбаи корҳои сиёсӣ-тарбиявии Раёсати қушунҳои Кумита, капитан Азизов Азизҷон Сангмадович,муовини сардори ситоди қисми сафдории Маркази таълимӣ дар бозии шашка ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро сазовор шуданд.
Капитан Буриев Мунис Муддинович афсари Шуъбаи хизмати қушуни Раёсати қушунҳои Кумита, подполковник Гадоев Маҳмадтоҳир Саидович сардори Шуъбаи кор бо марказҳои вилоятӣ ва курсҳои минтақавии Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита ва майор Абдуллоев Дилмурод Кулулович сардори Бахши хоҷагидориии Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита се ҷойи аввалро дар бозии шатранҷ ишғол карданд.
Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур дар асоси Фармоиши Раиси Кумита таҳти №107 аз санаи 29.04.2021с, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27-умин солгарди таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд.
М.Аҳмадзода, Сардори Раёсати кадрҳо ва
кор бо ҳайати шахсии Кумита, полковник