Зарфи як шабонарӯз ду нафар дар натиҷаи оббозӣ дар ҷойҳои мамнӯъи Сирдарё ба ҳалокат расидааанд. Дар хабари Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфта мешавад, ки яке аз ин афрод 15 сол доштаву дуюмӣ 19 сол. Яке зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дуюмӣ сокини шаҳри Панҷекат.
Тибқи маълумоти Раёсати Кумита дар вилояти Суғд рӯзи 28-уми моҳи майи соли равон, тахминан соати 15:30 дақиқа наҷотдиҳандагони дастаи махсуси наҷоти шаҳри Хуҷанд ба мавзеъи Истак, ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмон, ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафарбар гардиданд. Бино ба хабари дарёфтӣ як навраси 15-сола дар ҷойи барои оббозӣ манъ шиноварӣ мекардааст ва баногаҳ ғарқ шудааст.
Бо роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот имдодгарони бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд ҷасади ӯро аз дарё берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор таслим намуданд.
Бегоҳии ҳамин рӯз, тахминан соати 18:00 хабари ғарқи дарё шудани як шаҳрванди 19-солаи ҷамоати деҳоти Суҷина, деҳаи Суҷинаи шаҳри Панҷекат расид.
Ӯ низ дар ҷойи мамнӯъ барои оббозӣ вориди об шудаву туғёни азим ва талотуми мавҷ ба коми дарё кашидааст. Номбурда, ки шояд қоидаҳои оббозиро намедонист, натавонист худро ба соҳил расонад ва дар мавҷи пурталотуми дарё ғарқ шуд.
Наҷотдиҳандагони бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд ҷасади ӯро аз об берун оварданд ва ба мақомти интизомӣ супурданд.
Ҳар сол аз аввали мавсими оббозӣ шаҳрвандон ҳушдор дода мешавнд, ки танҳо дар маконҳое оббозӣ кунанд, ки иҷозат аст. Ҷойҳои беиҷозат маъмулан хатарнокан ва метавонанд сабаби фоҷеаҳо шаванд.
Ду ҳодисаи дирӯз рухдода далели ин гуфтаҳост.
Наҷоти модари ду фарзанд дар Шаритус
Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон рӯзи 28.05.2021 як сокини 26-солаи деҳаи Лубиёкори ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритус, модари ду фарзанд ҳангоми убур аз пули деҳа дар дарёи Кофарниҳон сарозер шудааст.
Номбурда сари вақт аз тарафи аҳолии ҷамоати деҳоти Тахти Сангин аз дарё бароварда наҷот дода шуда, ба ӯ ёрии аввалини тиббӣ расониданд ва баъдан барои идомаи ташхиси вазъи саломатӣ ва муолиҷа ба беморхонаи ноҳиявӣ интиқол доданд.