Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва Нақшаи пуррагардонии Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита дар соли хониши 2021 рӯзҳои 27-28 майи соли 2021 дар Марказ курси омўзишӣ доир ба самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Мақсади баргузории курси омўзишӣ тайёрӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи шунавандагон бо дараҷаи “Фармондеҳони нерўҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданиитаъиноти умумии вазоратҳо, кумитаҳо, раёсату идораҳо”мебошад.
Дар машғулият намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, телевизион ва радио, рушди маҳалӣ, сармоягузорӣ ва идораи амвол, меъморӣ ва сохтмон, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Машғулиятҳо аз рўи “Барнома оид ба тайёр намудани ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ дар ҳолатҳои фавқулодда” гузаронида шуд.
М. Саидова,
Муовини Сардори Маркази ҷумҳуриявии
таълимӣ-методии Кумита, полковник.