Вобаста ба калон будани ҳудуди обии вилояти Суғд ҳодисаҳои ғарқшавӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда ба шумор меравад. Аз ин р, ин масъалаи мубрам зери назорати қатъии Роҳбарияти Раёсат қарор гирифта шуда, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ вобаста ба оғози мавсими оббозӣ пурзўр карда шуда, як қатор корҳои омодагӣ ба мавсим аз тарафи шахсони масъул ба сомон расонида шуда истодаанд.
Аз тарафи гурӯҳи кории Раёсат дар ҳамкорӣ бо бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд чорабинии насби лавҳаҳои иттилоотӣ дар соҳили дарёи Сир ташкил ва гузаронида шуд.
Бо ҷалби рўзноманигорон ва намояндагони васоити ахбори омма дар минтақаҳои хавфноки соҳили дарёи Сир, ки барои шиноварӣ хавфу хатар эҷод мекунаду бинобар мавҷуд будани чуқуриҳо, тез будани маҷрои об, гирдобҳо аз тарафи мутахассисон барои оббозӣ манъ карда шудааст, лавҳахои иттилоотӣ насб карда шуданд.
Зикр ба маврид аст, ки соли ҷорӣ Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупо ва дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳакориҳои Аврупо дар шаҳри Душанбе лавҳаҳои таблиғотӣ омода карданд, 2 намуди онҳо вобаста ба об мебошанд.
Ин лавҳаҳо яке бо навиштаҷоти «Оббозӣ манъ аст!» дигаре «Бехатарӣ дар об!", аст, ки дар мавзеъҳои хавфноки дарёи Сир ва минтақаҳое, ки бештари аҳолӣ ҷамъ мешаванд насб карда мешаванд.
Дарёи Сир дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд қариб ба масоҳати наздик ба 10 километрро дар бар мегирад, соҳили дарёи Сир, ки бо гарм шудани ҳарорати ҳаво меҳмонон ва сокинонро барои шиноварӣ ва истироҳату сайру гашт ба худ ҷалб мекунаду аксарияти мардум соҳил меоянду бо воситаи шиноварӣ аз гармо раҳоӣ меҷўянд.
Таъкид ба ёдоварист, ки вобаста ба эълон гардидани соли 2019-2021 соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои фароҳам овардани шарту шароити мусоиди истироҳативу шиноварӣ баҳри ҷалби бештари сайёҳони дохиливу ва ҳам хориҷӣ шиногоҳи шаҳри Хуҷанд дар кўчаи Сирдарё ва Раҳмон Набиев навсозӣ гардида, бо тамоми шароити муосир ба истифода дода шуда буд.
Шаҳзода Нуриддинзода