Бо фаро расидани рӯзҳои гарм оббозӣ ба яке аз шуғлҳои асосии аҳолӣ, махсусан наврасон ва ҷавонон табдил меёбад. Донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя намудани онҳо метавонад шахсро аз оқибатҳои ногувори ҳифз кунад. Ин аст, ки бо супориши роҳбари Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд полковник Додиён Баҳром Одина баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохӯши ғарқшавии шаҳрвандон дар обанбори «Баҳри тоҷик» ва нақшаи чорабиниҳои риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар мавсими оббозӣ гурўҳи кории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд корҳои тарғиботиву ташвиқотиро дар обутобгоҳҳо, осоишгоҳҳо ва обанбори «Баҳри тоҷик»-и ҳудуди шаҳри Гулистон роҳандозӣ карданд.
Ба масъулини мавзеъҳои мазкур огоҳиномаҳо ҷиҳати таъмин намудани бехатарии истироҳаткунандагон дар обанбори «Баҳри тоҷик» ва обутобгоҳҳо дода шуданд.
Ҳамзамон, мутахассисони соҳа омодагии иншооти истироҳатиро ба мавсимӣ тобистон, доир ба насби овезаҳои қоидаҳои бехатарӣ дар об, аломатҳои манъкунандаи оббозӣ дар минтақаҳои хатарнок санҷида, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар дигар шаҳру навоҳии вилоят идома доранд.
Шахзодабону Нуриддинзода