Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ бо мақсади омодагӣ бо ҳолатҳои фавқуллода баргузор гардид.
Сардори мудофиаи граждании донишкада, директори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ дар сухани муқаддамотии худ аз ҷумла афзуд, ки чорабинии мазкур бо мақсади сайқал додани омодагии ҳайати роҳбарии мудофиаи гражданӣ, фаъолияти комиссияҳо ва неруҳои ғайринизомии Донишкада ба эътино ва амал ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодаи таббию техногенӣ мебошад. Баланд бардоштани дониш ва малакаи амалии пеш аз ҳама омӯзгорон дар соҳаи ҳифзи кормандон, иқтисодиёт ва ҳудуди Донишкада, ташаккул ва инкишоф додани хислатҳои баландӣ руҳию маънавӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ, ҳифзи моликияти давлатию ҷамъиятӣ, тарбия намудани омӯзгорон ва донишчуён дар руҳияи ҳушёрӣ ва фидокорӣ дар ҳифзи марзу бумӣ Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Сипас, баъди садо додани “Бонги хатар”-и шартӣ тамринҳо оғоз гардида, корҳои эвакуатсионӣ ва фаъолияти нерӯҳои ғайринизомии Донишкада амалӣ карда шуд. Ҳолати рухдода ва вазъияти бамаломадаро бо истифода аз нерӯҳои ғайринизомӣ ва қувваҳои дохили донишкадавӣ бартараф карда шуд ва то омадани қувваҳои мудофиаи граждании шаҳр ҳолати баамаломадаро зери назорати пурраи Ситод қарор гирифт.
Баъдан гузориши сардори неруҳо ба роҳбари ситод манзур карда шуд.
Баъд аз ба итмом расидани машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ Роҳбари машқҳо – сардори мудофиаи гражданӣ, директори ДПДТТХ Дилафрӯз Саидӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани машқи мазкур фикру мулоҳиза ва хулосаҳои худро ба саъми иштироккунандагони машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ расонид.
Дар чорабинии омӯзишии мудофиавӣ полковник Ширин Собирзода - муовини сардори Раёсати КҲФ ва МГ дар вилояти Суғд, подполковник Суҳроб Маҳмудов-сардори маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Раёсати КҲФ ва МГ дар вилояти Суғд, подполковник Муҳиддин Абдусамадов -сардори маркази таълимӣ методии Раёсати КҲФ ва МГ дар вилояти Суғд, наҷотҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ва дигарон иштироки фаъолона доштанд.
Ба иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ туҳфа ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Маъмур Юсуфзод,
дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд.